Равзанаи адаб

Ин сиёсати мўътадили динии Сомониён боиси ривоҷи тарҷумаи осори илмиву адабии халқҳои гуногуни олам, инкишофи хеле чашмраси илмҳои ақливу табиатшиносӣ ва вусъати зиёди доираи мавзўъоти адабиёти давр гардида, барои пешрафти ҳарҷонибаи адабиёт низ шароити мусоид фароҳам овард.
Ҳамон тавре ки зикр шуд, забон ва адабиёти форсии дарӣ пайваста бо таҳкими истиқлоли сиёсии давлати Сомониён ва худогоҳии миллии мардум рушду тавсеа меёфт. Дар ин раванд ҳарчанд онҳо бо забон ва адабиёти араби ҳукмрон мубориза мебурданд, вале аз онҳо манфиати зиёд ҳам гирифтаанд. Бинобар ин, забон ва адабиёти арабизабонро метавон омили дигари рушди сареъи адабиёти форсии дарӣ дар аҳди Сомониён донист.
Дар асрҳои 8-9, ки чун ду қарни сукути адабиёти Эрон маъруф аст, дар тамоми қисматҳои Эронзамин ва махсусан, дар Хуросону Мовароуннаҳр адабиёти арабизабон хеле рушду тавсеа пайдо кард, ки манобеъи адабиву таърихӣ, аз ҷумла девонҳои зиёди шоирон ба ин гувоҳӣ медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар пешрафти ин адабиёт суннатҳои адабии Эрони бостон низ таъсир расонидааст. Бинобар ин, барои адабиёти навзоди форсии дарӣ имконияти интихоби шаклу василаҳои гуногуни адабӣ мавҷуд буд, ки онҳо моҳирона истифода шудаанд. Чунонки таҳқиқоти донишмандони тоҷик Т. Мардонов ва Н. Зоҳидов нишон медиҳад, аксари адибони форсигўи асрҳои 9-10 забони арабиро хеле хуб медонистаанд ва ба ду забон асар меофаридаанд. Дар воқеъ, адибони мазкур тавассути забон ва адабиёти араб бо суннатҳои адабии давраҳои гузаштаи тоисломии худ ва ҳамчунин бо дастовардҳои муҳими адабиёти олам огоҳ мешуданд. Бинобар ин, ба андешаи баъзе донишмандон, ки ба аввалин шеърҳои шоирони форсигўй, аз ҷумла, Муҳаммад ибни Васиф маҳз барои он ки аз лиҳози шакл пухтаву расоянд, бо шубҳа менигаранд, наметавон розӣ шуд. Зеро он шоирон дар баробари суннатҳои адабиёти шифоҳӣ дар мисоли адабиёти арабизабон захираи бузурги адабиву эстетикиро дар ихтиёр доштанд. Яке аз сабабҳои бештар аз қасида иборат будани ашъори аввалин шоирони форсигўй, аввалан, дар доираи дарбор офарида шудани онҳо бошад, сониян, дар он аст, ки қасида навъи асосии адабиёти араб ба шумор мерафт. Вале ин ҳеҷ гоҳ маънии "тавлиди шеъри форсиро ар шакли арабӣ", ки Е.Э. Бертелс дар асарҳои аввалаи худ иддао мекард, надорад. Зеро шоирони форсигўй шаклу навъҳои адабиёти арабро айнан напазируфта, ба онҳо тағйироти ҷиддӣ ворид намуда, ғанитару мукаммалтар сохтаанд. Далели равшани он вазни арўз шуда метавонад, ки аз қадамҳои аввали ба шеъри форсӣ гузоштааш ба дигаргуниҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё