Ҳафтахтар Ҷилди 3

Бад-ин бахтам чун ӯ ҳамхоба бояд,
К-аз ӯ сарсомро гармоба пояд.
Дилам меҷусту донистам, к-аз айём
Зиёне дид хоҳам кому ноком.
Бале, ҳаст озмуда дар нишонҳо,
Ки ҳар к-аш дил ҷаҳад, бинад зиёнҳо.
Кунунам меҷаҳад чашми гуҳарбор,
Чи хоҳам дид, бисмиллаҳ, дигар бор!
Маро з-ин қаср берун гар биҳишт аст,
Набояд рафт, агарчи сарнавишт аст.
Гар ояд духтари Қайсар, на Шопур,
Аз ин қасраш ба расвоӣ кунам дур!
Ба дастон мефиребандам, на мастам,
Наоранд аз раҳи дастон ба дастам.
Агар ҳуши маро дар дил надонанд,
Ман он донам, ки дар Бобил надонанд!
Сар ин ҷо беҳ бувад саркаш, на он ҷо,
Ки наъл ин ҷост дар оташ, на он ҷо.
Агар Хусрав на, Кайхусрав бувад шоҳ,
Набошад карданаш сарпанҷа бо моҳ.
Беҳ, ар паҳлӯ кунад з-ин наргиси маст,
Ниҳад пешам чу савсан даст бар даст
В-агар бо ҷӯши гармам барситезад,
Чунон ҷӯшам, к-аз ӯ ҷавшан бирезад!
Фиристам зулфро, то як фан орад,
Шикебашро расан дар гардан орад.
Бигӯям ғамзаро, то вақти шабгир
Самандашро ба рақс орад ба як тир.
Зи гесӯ мушк бар оташ фишонам,
Чу удаш бар сари оташ нишонам.
Зи тоби зулфи хеш орам ба тобаш,
Фурӯ бандам ба сеҳри ғамза хобаш.
Хаёламро бифармоям, ки дар хоб
Бад-ин хокаш давонам тез чун об.
Маро бигзор, то гирям бад-ин рӯз,
Ту модармурдаро шеван маёмӯз!
Манам, к-аз ёди ӯ пайваста шодам,
Ки ӯ дар умрҳо н-орад ба ёдам.
Зи меҳрам гирди ӯ бӯе нагардад,
Ғами ман бар дилаш мӯе нагардад.
Гар он номеҳрубон аз меҳр сер аст,
Замона бар чунин бозӣ далер аст.
Шикебоӣ кунам чандон, ки як рӯз
Дарояд аз дари узр он дилафрӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё