Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғами Ширин чунон аз худ рабудаш,
Ки парвои худу Хусрав набудаш.
Малик фармуд, то бинвохтандаш,
Ба ҳар гоме нисоре сохтандаш,
Зи пой он пилболоро нишонданд,
Ба пояш пил боло зар фишонданд.
Чу гавҳар дар дили покаш яке буд,
Зи гавҳарҳо зару хокаш яке буд.
Чу меҳмонро наомад чашм бар зар,
Зи лаб бикшод Хусрав ганҷи гавҳар,
Ба ҳар нукта, ки Хусрав соз медод,
Ҷавобаш ҳам ба нукта бозмедод.

МУНОЗИРАИ ХУСРАВ БО ФАРҲОД

Нахустин бор гуфташ, к-аз куҷоӣ?
Бигуфт: аз дори мулки ошноӣ.
Бигуфт: он ҷо ба санъат дар чи кӯшанд?
Бигуфт: андуҳ харанду ҷон фурӯшанд.
Бигуфто: ҷонфурӯшӣ дар адаб нест,
Бигуфт: аз ишқбозон ин аҷаб нест.
Бигуфт: аз дил шудӣ ошиқ бад-ин сон?
Бигуфт: аз дил ту мегӯӣ, ман аз ҷон!
Бигуфто: ишқи Ширин бар ту чун аст?
Бигуфт: аз ҷони ширинам фузун аст!
Бигуфто: ҳар шабаш бинӣ чу маҳтоб?
Бигуфт: оре, чу хоб ояд, куҷо хоб!
Бигуфто: дил зи меҳраш кай кунӣ пок?
Бигуфт: он гаҳ, ки бошам хуфта дар хок!
Бигуфто: гар хиромӣ дар сарояш?
Бигуфт: андозам ин сар зери пояш!
Бигуфто: гар кунад чашми туро реш?
Бигуфт: ин чашми дигар дорамаш пеш.
Бигуфто: гар касе-ш орад фарочанг?
Бигуфт: оҳан хурад в-ар худ бувад санг!
Бигуфто: гар наёбӣ сӯи ӯ роҳ?
Бигуфт: аз дур шояд дид дар моҳ!
Бигуфто: дурӣ аз маҳ нест дархур,
Бигуфт: ошуфта аз маҳ дур беҳтар.
Бигуфто: гар бихоҳад, ҳар чи дорӣ?
Бигуфт: ин аз Худо хоҳам ба зорӣ.
Бигуфто: гар ба сар ёбӣ-ш хушнуд?
Бигуфт: аз гардан ин вом афканам зуд.
Бигуфто: дӯстӣ-ш аз табъ бигзор,
Бигуфт: аз дӯстон н-ояд чунин кор.

пешина
аз 349
навбатӣ