Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бигуфт: осуда шав, к-ин кори хом аст,
Бигуфт: осудагӣ бар ман ҳаром аст.
Бигуфто: рав, сабурӣ кун дар ин дард,
Бигуфт: аз ҷон сабурӣ чун тавон кард?
Бигуфт: аз сабр кардан кас хиҷил нест,
Бигуфт: ин дил тавонад кард, дил нест!
Бигуфт: аз ишқ корат сахт зор аст,
Бигуфт: аз ошиқӣ хуштар чи кор аст?
Бигуфто: ҷон мадеҳ, бас дил, ки бо ӯст,
Бигуфто: душмананд ин ҳарду бе дӯст.
Бигуфто: дар ғамаш метарсӣ аз кас?
Бигуфт: аз меҳнати ҳиҷрони ӯ, бас!
Бигуфто: ҳеҷ ҳамхобе-т бояд?
Бигуфт: ар ман набошам низ, шояд.
Бигуфто: чунӣ аз ишқи ҷамолаш?
Бигуфт: он кас надонад ҷуз хаёлаш.
Бигуфт: аз дил ҷудо кун ишқи Ширин!
Бигуфто: чун зиям бе ҷони ширин?
Бигуфт: ӯ они ман шуд, з-ӯ макун ёд,
Бигуфт: ин кай кунад бечора Фарҳод!
Бигуфт: ар ман кунам дар вай нигоҳе?
Бигуфт: офоқро сӯзам ба оҳе.
Чу оҷиз гашт Хусрав дар ҷавобаш,
Наомад беш пурсидан савобаш.
Ба ёрон гуфт, к-аз хокиву обӣ
Надидам кас бад-ин ҳозирҷавобӣ.
Ба зар, дидам, ки бо ӯ барнаоям,
Чу зарраш низ бар санг озмоям.
Кушод он гаҳ забон чун теғи пӯлод,
Фиканд алмосро бар сангбунёд,
Ки моро ҳаст кӯҳе бар гузаргоҳ,
Ки мушкил метавон кардан бад-ӯ роҳ,
Миёни кӯҳ роҳе канд бояд,
Чунон, к-омадшуди моро бишояд.
Бад-ин тадбир касро дастрас нест,
Ки кори тусту кори ҳеҷ кас нест.
Ба ҳаққи ҳурмати Ширини дилбанд,
К-аз ин беҳтар надонам хӯрд савганд,
Ки бо ман сар бад-ин ҳоҷат дарорӣ,
Чу ҳоҷатмандам, ин ҳоҷат барорӣ.
Ҷавобаш дод марди оҳанинчанг,
Ки бардорам зи роҳи Хусрав ин санг,
Ба шарти он ки хидмат карда бошам,
Чунин шарте ба ҷой оварда бошам,
Дили Хусрав ризои ман биҷӯяд,
Ба тарки шаккари Ширин бигӯяд!

пешина
аз 349
навбатӣ