Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон дар хашм шуд Хусрав зи Фарҳод,
Ки ҳалқаш хост озурдан ба пӯлод.
Дигар раҳ гуфт, аз ин шартам чи бок аст,
Ки санг аст, он чи фармудам, на хок аст.
Агар хок аст, чун шояд буридан
В-агар буррад, куҷо шояд кашидан?
Ба гармӣ гуфт, к-оре, шарт кардам
В-агар з-ин шарт баргардам, на мардам.
Миён дарбанду зӯри даст бикшой,
Бурун шав, дастбурди хеш бинмой.
Чу бишнид ин сухан Фарҳоди бедил,
Нишони кӯҳ ҷуст аз шоҳи одил.
Ба кӯҳе кард Хусрав раҳнамунаш,
Ки хонад ҳар кас акнун Бесутунаш.
Ба ҳукми он ки санге буд хоро,
Ба сахтӣ рӯи он санг ошкоро.
Зи даъвигоҳи Хусрав бо диле хуш
Равон шуд Кӯҳкан чун кӯҳи оташ.
Бар он кӯҳи камаркаш рафт чун бод,
Камар дарбасту захми теша бикшод.
Нахуст озарми он курсӣ нигаҳ дошт,
Бар ӯ тимсолҳои нағз бингошт.
Ба теша сурати Ширин бар он санг
Чунон барзад, ки Монӣ нақши Аржанг.
Пас он гаҳ аз синони тешаи тез
Гузориш кард шакли шоҳу Шабдиз.
Бад-он сурат шунидӣ, к-аз ҷавонӣ
Ҷавонмарде чи кард аз меҳрубонӣ…

КӮҲ КАНДАНИ ФАРҲОД ВА ЗОРИИ Ӯ

Чу шуд пардохта Фарҳодро чанг
Зи сураткории девори он санг,
Наосудӣ зи вақти субҳ то шом,
Буридӣ кӯҳ бар ёди дилором.
Ба кӯҳ андохтан бикшод бозу,
Ҳамебуррид санге бе тарозу.
Ба ҳар хориш, ки бо он хора кардӣ,
Яке бурҷ аз ҳисораш пора кардӣ.
Ба ҳар захме зи пой афканд кӯҳе,
1
К-аз он омад халоиқро шикӯҳе.
Ба алмоси мижа ёқут месуфт,
Зи ҳоли хештан бо кӯҳ мегуфт,

Тарс, ваҳм.

пешина
аз 349
навбатӣ