Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ман аз ишқи ту, эй шамъи шабафрӯз,
Бад-ин рӯзам, ки мебинӣ бад-ин рӯз.
Дар ин даҳлезаи тангофарида,
Вуҷуде дорам аз санг офарида.
Маро ҳам бахти бад доман гирифтаст,
Ки ин бадбахтӣ андар ман гирифтаст.
Агар на з-оҳану санг аст рӯям,
Вафо аз сангу оҳан чанд ҷӯям?
Макун з-ин беш хорӣ бар дили танг,
Ғариберо макуш чун мор дар санг.
Туро паҳлӯи фарбеҳ нест ноёб,
Ки дорӣ бар яке паҳлӯ ду қассоб.
Манам танҳо чунин бар пушта монда,
Зи нанги лоғарӣ нокушта монда.
Зи ишқат сӯзаму ме-созам аз дур,
Ки парвона надорад тоқати нур,
Аз он наздики ту мен-ояд ин хок,
Ки бошад кори наздикон хатарнок.
Ба ҳаққи он, ки ёре ҳақшиносам,
Ки ҷуз куштан манеҳ бар сар сипосам,
Магар, к-аз банди ғам бозам раҳонӣ,
Ки мурдан беҳ маро з-ин зиндагонӣ!
Ба рӯзи ман ситора бармаоёд,
Ба бахти ман кас аз модар мазоёд.
Маро модар дуо кардаст, гӯӣ,
Ки аз ту дур бодо, ҳар чи ҷӯӣ!
Агар дар теғи даврон заҳмате ҳаст,
Чаро буррад туро нохун, маро даст
В-агар бе майл шуд пистони гардун,
Чаро бахшад туро ширу маро хун?
Бад-он шире, ки аввал модарат дод,
Ки чун аз ҷӯи ман шире хурӣ шод,
Кунӣ ёдам ба шири шаккаролуд,
Ки дорад ташнаро ширу шакар суд!
Ба шире чун шубонон даст гирам,
Ки дар ишқи ту чун тифле баширам,
Ба ёд орам чу шири хушгуворон,
Фаромӯшам макун чун ширхорон.
Гарам шириние надҳӣ зи ҷомат,
Даҳон ширин ҳаме дорам зи номат.
Чу кас ҷуз ту надорам ёри ғамхор,
Маро бе ёру бе ғамхор магзор.
Забон тар кун, бихон ин хушклабро,
Ба рӯзи равшан ор ин тирашабро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё