Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба донге гарчи ҳастам бо ту дарвеш,
Тавонгарвор ҷонро мекашам пеш.
Зи давлатмандии дарвеш бошад,
Ки бесармоя судандеш бошад.
Масӯз он дил, ки дилдораш ту бошӣ,
Зи гетӣ чораи кораш ту бошӣ.
Чу дар хубӣ ғариб афтодӣ, эй моҳ,
Ғарибонро фурӯ магзор дар роҳ,
Ту, к-имрӯз аз ғарибӣ бенасибӣ,
Битарс аз меҳнати рӯзи ғарибӣ!
Тамаъ дар зиндагонӣ баста будам,
Умед андар ҷавонӣ баста будам,
Аз он ҳар ду кунун навмед гаштам,
Балоро хонаи ҷовид гаштам.
Дареғо, ҳар чи дар олам рафиқ аст,
Туро то вақти сахтӣ ҳамтариқ аст,
Гаҳи сахтӣ таносоӣ пазиранд,
Ту гӯӣ дасту эшон пой гиранд.
Махӯр хунам, ки хун хӯрдам зи баҳрат,
Ғарибам, охир, эй ман хоки шаҳрат.
Чи бад кардам, ки бо ман кина ҷӯӣ,
Бад афтад, гар баде кардам, нагӯӣ.
Хаёлатро парастишҳо намудам
В-агар ҷурме ҷуз ин дорам, ҷуҳудам!
Макун бо ёри якдил бевафоӣ,
Ки кас бо кас накард ин нохудоӣ.
Агар бодам, ту низ, эй сарви озод,
Саре чун бед дарҷубон ба ин бод
В-агар хокам, ту эй ганҷи хатарнок,
Зиёратхонае барсоз аз ин хок.
Агар нагзорӣ, эй шамъи Тарозам,
Ки пиҳе дар чароғат мегудозам,
Чунонам куш, ки дур аз остонат
2
Рамиме бошам аз дастустухонат.
Манам дурроҷаи мурғони шабхез,
Ҳама шаб мӯнисам мурғи шабовез,
Шабе хоҳам, ки бинӣ зориамро,
Саҳархезиву шаббедориамро,
Гар аз пӯлод дорӣ дил, на аз санг,
Бибахшоӣ бар ин маҷрӯҳи дилтанг.
Кашам ҳар лаҳза ҷавре нав-нав аз ту,
Ба як ҷав бар ту, эй ман ҷав-ҷав аз ту.

Ченаки бисёр ками вазн.
Куҳна, пӯсида.

пешина
аз 349
навбатӣ