Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТАФАҲҲУСИ ХУСРАВ ДАР КОРИ
ШАККАР ВА ХОСТГОРИИ Ӯ

Чу барзад оташи Машриқ забона,
Малик чун об шуд з-он ҷо равона.
Бузургони Сипоҳонро талаб кард
В-аз эшон пурсише з-он нӯшлаб кард.
Ба якрӯя ҳама шаҳри Сипоҳон
Шуданд он покдоманро гувоҳон,
Ки Шаккар ҳамчунон дар тунги хеш аст,
Наозурда гуле бар ранги хеш аст.
Матоъи хештан дар бор дорад,
Канизе чандро бар кор дорад.
Самандаш гарчи бо ҳар кас ба зин аст,
Синони дурбошаш оҳанин аст.
Аҷузон низ карданд устуворӣ,
Арӯсаш бикр буд андар иморӣ.
Маликро фаррух омад фоли ахтар,
Ки аз чандин магас чун раст шаккар.
Фиристод аз сарои хеш, хондаш,
Ба оини заношӯӣ нишондаш.
Насуфта дурри дарёӣ-шро суфт,
Нигини лаълро ёқут шуд ҷуфт.
Суи шаҳри Мадоин шуд дигар бор,
Шакар бо ӯ ба доманҳо шакарбор.
Ба Шаккар ишқи Ширин хор мекард,
Шакар шириние бар кор мекард.
Чу бигрифт аз шакар хӯрдан дили шоҳ,
Ба нӯшободи Ширин шуд дигар роҳ.
Шакар дар тунги шаҳ тимор мехӯрд,
Зи нахлистони Ширин хор мехӯрд.
Шаҳ аз савдои Ширин шӯр дар сар,
Гудозон гашта чун дар об шаккар.
Чу шамъ аз дурии Ширин дар оташ,
Ки бошад айши мум аз ангубин хуш.
Касе, к-аз ҷони ширин бозмонад,
Чи суд, ар дар даҳан шаккар фишонад.
Шакар ҳаргиз нагирад ҷои Ширин,
Бичарбад бар шакар ҳалвои ширин.
Чаман хок аст, чун насрин набошад,
Шакар талх аст, чун ширин набошад.
Магар ширину шаккар ҳаст яксон,
Зи най хезад шакар, ширинӣ аз ҷон.
Чу шамъи шаҳди Ширин барфурӯзад,
Шакар он ҷо ба миҷмар уд сӯзад.

пешина
аз 349
навбатӣ