Ҳафтахтар Ҷилди 3

Шакар гар чошнӣ дар ҷом дорад,
Зи ширинӣ ҳаловат вом дорад.
Зи ширинӣ бузургон ношикебанд,
Ба шаккар тифлу тӯтиро фиребанд.
Ҳар обе, к-он бувад ширин, бисозад,
Шакар чун обро бинад, гудозад.
Зи Ширин то Шакар фарқе аён аст,
Ки ширин ҷону шаккар ҷои ҷон аст.
Парирӯест Ширин дар иморӣ,
Паранди ӯ Шакар дар пардадорӣ.
Бидонад ин қадар, ҳар, к-аш тамиз аст,
Ки шаккар баҳри ширинӣ азиз аст.
Дилаш мегуфт, Ширин боядам зуд,
Ки айшамро намедорад Шакар суд.
Ях аз буллӯр софитар ба гавҳар,
Хилоф он шуд, ки ин хушк асту он тар.
Дигар раҳ гуфт, нашкебам зи Ширин,
Чи бояд кард бо худ ҷанг чандин?
Гарам сангосиё бар сар бигардад,
Дил он дил нест, к-аз дилбар бигардад.
Ба сар гардам, нагардонам сар аз ёр,
Саре дорам мубоҳ аз баҳри ин кор.
Дигар раҳ гуфт, к-ин тадбир хом аст,
Сабурӣ кун, ки расвоӣ тамом аст.
Маро он беҳ, ки аз Ширин шикебам,
На тифлам, то ба ширинӣ фиребам.
Бибояд даркашидан милро мил,
Ки касро кор барн-ояд батаъҷил.
Маро ширину шаккар ҳар ду дар ҷом,
Чаро бар ман ба талхӣ гардад айём?
Дилам бо ин рафиқон берафиқ аст,
Зи бас маллоҳиён киштӣ ғариқ аст…
ТАНҲО МОНДАНИ ШИРИН
ВА ЗОРӢ КАРДАНИ ВАЙ
Малик дониста буд аз ройи пурнур,
Ки ғампардози Ширин аст Шопур.
Ба хидмат хонду кардаш хоси даргоҳ,
Зи танҳоӣ магар танг ояд он моҳ.
Чу танҳо монд моҳи сарвболо,
Фишонд аз наргисон луълӯи лоло.
Ба танг омад шабе аз тангҳолӣ,
Ки буд он шаб бар ӯ монанди соле.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё