Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

НИЁИШ КАРДАНИ ШИРИН БА ЯЗДОНИ ПОК

Чу Ширин кимиёи субҳ дарёфт,
Аз он симобкорӣ рӯй бартофт.
Шикебоӣ-ш мурғонро пар афшонд,
1
Хурӯс «ассабру мифтоҳул фараҷ» хонд.
Шабистонро ба рӯи хештан руфт,
Ба зорӣ бо Худои хештан гуфт:
Худовандо, шабамро рӯз гардон,
Чу рӯзам бар ҷаҳон пирӯз гардон.
Шабе дорам сиёҳ, аз субҳ навмед,
Дар ин шаб рӯсапедам кун чу хуршед.
Ғаме дорам ҳалоки шермардон,
2
Бар ин ғам чун нишотам чир гардон.
Надорам тоқати ин кӯраи танг,
Халосӣ деҳ маро чун лаъл аз ин санг.
Туӣ ёрираси фарёди ҳар кас,
Ба фарёди мани фарёдхон рас!
Надорам тоқати тимор чандин,
3
Ағиснӣ, ё Ғиёсалмустағисин!
Ба оби дидаи тифлони маҳрум,
Ба сӯзи синаи пирони мазлум,
Ба болини ғарибон бар сари роҳ,
Ба таслими асирон дар буни чоҳ,
Ба «довар-довар»-и фарёдхоҳон,
Ба «ё раб-ё раб»-и соҳибгуноҳон,
Бад-он ҳуҷҷат, ки дилро банда дорад,
Бад-он оят, ки ҷонро зинда дорад,
Ба доманпокии динпарваронат,
Ба соҳибсиррии пайғамбаронат,
Ба муҳтоҷони дар бар халқ баста,
Ба маҷрӯҳони хун бар хун нишаста,
Ба дурафтодагон аз хонумонҳо,
Ба вопасмондагон аз корвонҳо.
Ба вирде, к-аз навомӯзе барояд,
Ба оҳе, к-аз сари сӯзе барояд,
Ба райҳони нисори ашкрезон,
Ба Қуръону чароғи субҳхезон,
Ба нуре, к-аз халоиқ дар ҳиҷоб аст,
Ба инъоме, ки берун аз ҳисоб аст,
Ба тасдиқе, ки дорад роҳиби дайр,
Ба тавфиқе, ки бахшад воҳиби хайр,

1
Сабр калиди хушбахтиҳост.
Ғолиб.
Ба додам бирас, эй Додгари додхоҳон!

пешина
аз 349
навбатӣ