Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шабе тира, чу кӯҳе зоғ бар сар,
Гаронҷунбиш, чу зоғе кӯҳ бар пар…
Дили Ширин дар он шаб хира монда,
Чароғаш чун дили шаб тира монда.
Зи беморӣ дили Ширин чунон танг,
Ки мекард аз малолат бо ҷаҳон ҷанг.
Хуш аст ин достон дар шони бемор,
Ки шаб бошад ҳалоки ҷони бемор.
Бувад бемории шаб ҷонсупорӣ,
Зи беморӣ батар бемордорӣ.
Забон бикшоду гуфто: эй замона,
Шаб аст ин ё балои ҷовидона?
Чи ҷои шаб, сияҳморест, гӯӣ,
Чу зангӣ одамихорест, гӯӣ.
Аз он гирён шудам, к-ин зангии тор
Чу зангӣ худ намехандад дигар бор.
Чи афтод, эй сипеҳри лоҷвардӣ,
Ки имшаб чун дигар шабҳо нагардӣ?
Магар дуди дили ман роҳ бастат,
Нафири ман хасак дар по шикастат?
На з-ин зулмат ҳамеёбам амоне,
На аз нури саҳар бинам нишоне.
Маро бингар, чи ғамгин дорӣ, эй шаб,
Надорам дин, агар диндорӣ, эй шаб!
Шабо, имшаб ҷавонмардӣ биёмӯз,
Маро ё зуд куш, ё зуд шав рӯз.
Чаро бар ҷой мондӣ чун сияҳмеғ,
Бар оташ меравӣ ё бар сари теғ?
Дуҳулзанро, гирифтам, даст бастанд,
На, охир, пои Парвинро шикастанд!
Ман он шамъам, ки дар шабзиндадорӣ
Ҳама шаб мекунам чун шамъ зорӣ.
Чу шамъ аз баҳри он сӯзам бар оташ,
Ки бошад шамъ вақти сӯхтан хуш.
Гиреҳ бин бар сарам чархи куҳанро,
Бибояд хонду хандид ин суханро.
Бихон, эй мурғ, агар дорӣ забоне,
Биханд, эй субҳ, агар дорӣ даҳоне.
Агар кофир наӣ, эй мурғи шабгир,
Чаро барн-оварӣ овози такбир
В-агар оташ наӣ, эй субҳи равшан,
Чаро н-оӣ бурун бе сангу оҳан?
Дар ин ғам буд дили парвонавораш,
Ки шамъи субҳ равшан кард кораш…

пешина
аз 349
навбатӣ