Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷон доруи Ширин соз кардӣ,
Вале рӯза ба Шаккар боз кардӣ.
Туро ман ёру он гаҳ ҷуз манат ёр?
Туро ин кору в-он гаҳ бо манат кор?
Макун чандин бар ин ғамхор хорӣ,
Ки кардӣ пеш аз ин бисёр зорӣ.
Бирав, фармӯш кун деҳрондаеро,
Раҳо кун дар деҳе вомондаеро,
Чу фарзанде падар, модар надида,
Ятимона ба луқма парварида.
Чу ғӯле монда дар байғӯлагоҳе,
Ки он ҷо нагзарад мӯре ба моҳе.
Зи ту коме надида дар замона,
Шуда тири маломатро нишона.
Дар ин сангам раҳо кун зору безӯр,
Дигар санге бар ӯ неҳ, то шавад гӯр.
Чу бошад зеру боло санг бар санг,
Бипӯшад, гарчи бошад нанг бар нанг.
Ҳамон пиндорам, эй дилдори дилсӯз,
Ки афтодам зи Шабдиз аввалин рӯз.
Ҷавонмардӣ кун, аз ман бор бардор,
Гулафшонӣ бас, аз раҳ хор бардор.
Гул афшондан, ғубор ангехтан чанд?
Намак хӯрдан, намакдон рехтан чанд?
Бас он, к-аз баҳри ту бечора гаштам,
Зи хонумони хеш овора гаштам.
Маро он рӯз шодӣ кард падруд,
Ки Ширинро раҳо кардӣ ба Шаҳрӯд.
Мани мискин киву шаҳри Мадоин,
1
Чи шояд кардан, «алмақдур коин».
Туро мисли ту бояд сарбаланде,
Чи бархезад зи чун ман мустаманде?
Чаҳ он ҷо кан, к-аз ӯ обе барояд,
Раг он ҷо зан, к-аз ӯ хуне кушояд.
Бинои дӯстӣ бар бод додӣ,
Магар, к-акнун асоси нав ниҳодӣ.
Гилеми нав, к-аз ӯ гармӣ наояд,
Куҳан гардад, куҷо гармӣ физояд?
Дарахте, к-аз ҷавонӣ кӯж бархост,
Чу хушку пир гардад, кай шавад рост?
Қадам бардоштиву ранҷа будӣ,
Карам кардӣ, худовандӣ намудӣ,

Он чӣ муқаддар аст, воқеъ хоҳад шуд (шарҳи «Куллиёти «Хамса»-и ҳаким Низомии
Ганҷавӣ»).

пешина
аз 349
навбатӣ