Ҳафтахтар Ҷилди 3

Валек имшаб шаби дарсохтан нест,
Умеди ҳуҷра вопардохтан нест.
Ҳанӯз ин зирбо дар дег хом аст,
Ҳанӯз асбоби ҳалво нотамом аст.
Ту имшаб бозгард аз ҳукмронӣ,
Ба мастон кард натвон меҳмонӣ.
Чу вақт ояд, ки гардад пухта ин кор,
Тавонам хонданат меҳмон дигар бор.
Ба олам вақти ҳар чизе падид аст,
Дари ҳар ганҷро вақте калид аст.
Набинӣ, мурғ чун бевақт хонад,
Ба ҷои парфишонӣ сар фишонад!
ПОСУХИ ХУСРАВ ШИРИНРО
Чу Хусрав дид, к-он маъшуқи танноз
Зи сар берун нахоҳад кард он ноз,
Фусуне чанд бо хоҳиш баромуд,
Фусун бурдан ба Бобил кай кунад суд?
Ба лоба гуфт, к-эй мақсуди ҷонам,
Чароғи дидаву шамъи равонам,
Сарамро бахту бахтамро ҷавонӣ,
Диламро ҷону ҷонро зиндагонӣ.
Чу гардун бо дилам то кай кунӣ ҳарб,
Ба бастуи тиҳӣ мекун сарам чарб,
Ба ишва ошиқеро шод мекун,
Муборак мурдае озод мекун.
Набинӣ айби худ дар тундхӯӣ,
Бад-ин сон айби ман то чанд гӯӣ?
Чу кӯре, к-ӯ набинад кӯрии хеш,
Ба сад гуна кашад айби касон пеш.
Зи лаъл ин сангҳо берун маафкан,
Ба хок афкандиам, дар хун маафкан,
Ҳалокам кардӣ аз тиморхорӣ,
Афокаллаҳ, зиҳӣ тимордорӣ!
Шаб омад, барф мерезад чу симоб,
Зи яхмеҳрӣ чу оташ рӯй бартоб.
Макун, к-имшаб зи барфам тоб гирад,
Бадо рӯзо, ки ин барф об гирад.
Як имшаб бар дари хешам бидеҳ бор,
Ки то хоки дарат бӯсам заминвор.
Ба зонуи адаб пешат нишинам,
Бидӯзам дида в-он гаҳ дар ту бинам.
Раҳ он касрост дар кошонаи ту,
Ки дӯзад чашми худ дар хонаи ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё