Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мадон он дӯстро ҷуз душмани хеш,
Ки ёбӣ чашми ӯ бар равзани хеш.
Бар он кас дӯстӣ бошад ҳалолат,
Ки хоҳад бешӣ андар ҷоҳу молат.
Рафиқе, к-ӯ бувад бар ту ҳасаднок,
Ба хокаш деҳ, ки н-арзад суҳбаташ хок.
Макун, ҷоно, ба хун ҳалқи маро тар,
Мадорам беш аз ин чун ҳалқа бар дар.
Азобам медиҳӣ в-он носавоб аст,
Биҳишт аст ину дар дӯзах азоб аст.
Биҳиштӣ мевае дорӣ расида,
Ба ҷуз боғи биҳишташ кас надида,
Биҳишти қасри худро боз кун дар,
Дарахти меваро зоеъ макун бар.
Рутаб бар хон, рутабхоре на бар хон,
Сикандар ташналаб бар оби ҳайвон.
Дарам бикшову роҳи кина дарбанд,
Камар дар хидмати дерина дарбанд.
В-агар мумкин набошад дар кушодан,
Ғариберо як имшаб бор додан,
Барафкан бурқаъ аз меҳроби Ҷамшед,
Ки ҳоҷатманди бурқаъ нест хуршед.
Гар ошуфта шудам, ҳушам ту бурдӣ,
Бибар ҷӯшам, ки сарҷӯшам ту бурдӣ.
Муфарреҳ ҳам ту донӣ кард бар даст,
Ки ҳам ёқуту ҳам анбар туро ҳаст.
Лабе чун ангубин дорӣ зи ман дур,
Забон дар ман кашӣ чун неши занбӯр.
Макун бо ин ҳама нармӣ дуруштӣ,
Ки аз қоқум наояд хорпуштӣ.
Чунон кун, к-аз ту дилхуш бозгардам,
Ба дидори ту ишратсоз гардам.
Қадам гарчи ғуборолуд дорам,
Ба дидори ту дил хушнуд дорам.
В-агар бар ман нахоҳад шуд дилат рост,
Ба душворӣ тавонӣ узри он хост.
Макун бар фарқи Хусрав сангборӣ,
Чу Фарҳодаш макуш дар сангсорӣ.
Касе, к-андозад ӯ бар осмон санг,
Ба озори сари худ дорад оҳанг.
Шикасти сар кунӣ, хун бар тан афтад,
Қафои гарданон бар гардан афтад.
Гузар бар меҳр кун чун дилнавозон,
Ба ман бозӣ макун чун муҳрабозон.

пешина
аз 349
навбатӣ