Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу аз Машриқ барояд чашмаи нур,
Барангезад зи дарё гарди кофур,
Майи кофурбӯ дар ҷом резем
В-аз ин дарё дар он заврақ гурезем.
Рухи шоҳ аз тараб чун лола бишкуфт,
Чу наргис дар нишоти ин сухан хуфт.
МАҶЛИС ОРОСТАНИ ХУСРАВ ДАР ШИКОРГОҲ
Саҳаргаҳ чун равон шуд маҳди Хуршед,
Ҷаҳон пӯшид зеварҳои Ҷамшед,
Баромад дузде аз Машриқ сабукдаст,
Арӯси субҳро зевар баҳам баст.
Биҷунбонид мурғонро пару бол,
Бароварданд хубон бонги халхол.
Дар омад шаҳриёр аз хоби нӯшин,
Дилаш хуррам шуда з-он хоби дӯшин.
Зи нав фармуд бастан боргоҳе,
Ки бо ӯ буд кӯҳе кам зи коҳе.
Баромад навбатиро сар бар афлок,
Ниҳон шуд чашми бад чун ганҷ дар хок.
Кашида боргоҳе шаст бар шаст,
Ситода халқ бар дар даст бар даст.
Ба сарҳангони султониҳамоил
Дару даргаҳ шуда зарриншамоил.
Зи ҳар сӯ дайламӣ гардан ба Айюқ
Фурӯ ҳишта кулаҳ чун ҷаъди манҷуқ.
Ба даҳлези саропарда сиёҳон
Ҳабашро баста доман дар сипоҳон.
Сипоҳони ҳабаш, туркони чинӣ
Чу шаб бо моҳ карда ҳамнишинӣ.
Саборо буд дар поини авранг,
Зи теғи тангчашмон раҳгузар танг.
Таноби навбатӣ як мил дар мил,
Ба навбат баста бар дар пил дар пил.
Зи гирдакҳои дуродур баста,
Маҳу Хуршед чашм аз нур баста.
Дар ин гирдак нишаста Хусрави Чин,
Дар он дигар фитода шӯри Ширин.
Бисоте шоҳвор афканда зарбафт,
Ки ганҷе бурд, ҳар боде, к-аз ӯ рафт.
Зи хокаш бодро ганҷи равон буд,
Магар худ ганҷи бодовард он буд.
Мунодӣ ҷамъ карда ҳамдамонро,
Бурун карда зи дар номаҳрамонро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ