Ҳафтахтар Ҷилди 3

Намонда дар ҳарими подшоӣ
Вушоқе чун ғуломони сароӣ.
Адабпарвар надимоне хирадманд
Нишаста бар сари курсӣ тане чанд,
Ниҳода тӯда-тӯда бар каронҳо
Зи ёқуту зумуррад нуқлдонҳо.
Ба дасти ҳар касе-бар турфа ганҷе,
1
Мукаллал карда аз анбар туранҷе.
Маликро зарри дастафшор дар мушт,
К-аз афшурдан бурун мешуд зи ангушт.
Лаболаб карда соқӣ ҷоми чун нӯш,
Пайопай карда мутриб нағма дар гӯш.
Нишаста Борбад, барбат гирифта,
Ҷаҳонро чун фалак дар хат гирифта.
Ба дастон дӯстонро қиссапардоз,
Ба захма захми дилҳоро шифосоз.
Зи дуди дилгиреҳ бар уд мезад,
Ки удаш бонг бар Довуд мезад.
Ҳамон нағма димоғаш дар ҷарас дошт,
Ки мусиқори Исо дар нафас дошт,
Зи дилҳо карда дар миҷмарфурӯзӣ
Ба вақти удсозӣ удсӯзӣ.
Чу бар дастон задӣ дасти шакаррез,
Ба хоб-андар шудӣ мурғи шабовез,
Бад-он сон гӯши барбатро бимолид,
К-аз он молиш дили барбат бинолид,
Чу бар захма фиканд абрешими соз,
Даровард офаринишро ба овоз.
Накисо ном марде буд чангӣ,
Надиме хос, амире сахтсанге,
К-аз ӯ хушгӯтаре дар лаҳни овоз
Надид ин чангпушти арғунунсоз.
Зи рӯд овози мавзун ӯ баровард,
Ғиноро расми тақтеъ ӯ даровард.
Навоҳое чунон чолок мезад,
Ки мурғ аз дард пар бар хок мезад.
Чунон барсохтӣ алҳони мавзун,
Ки Зуҳра чарх мезад гирди гардун.
Ҷуз ӯ, к-афзун шумурд аз Зуҳра худро,
Надодӣ ёрие кас Борбадро.
Дар он маҷлис, ки айш оғоз карданд,
Ба як ҷо чангу барбат соз карданд.
Навои ҳарду соз аз барбату чанг
Ба ҳам дарсохта чун бӯй бо ранг.
Бо зевар ороста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ