Ҳафтахтар Ҷилди 3

В-он, к-аз раҳи ту рамад чу харгӯр,
Мурда ба хар оварандаш аз гӯр!
Чун бо ту баҳам наметавон зист,
З-он сон, ки манам, гуноҳи ман чист?
Он дил, ки ризои ту наҷӯяд,
Беҳ, гар ба қазои бад бимӯяд
В-он, к-аз пайи захми туст шасташ,
Пеш аз ҳама хушк бод дасташ!
Мӯе зи ту пеши ман ҷаҳонест,
Хоре зи раҳи ту гулситонест.
Хазродаманиву хизрдоман,
Дарсоз чу оби Хизр бо ман.
Ман Моҳу ту Офтобӣ аз нур,
Чашме ба ту мекушоям аз дур.
Узри қадамам ба бозмондан,
Донӣ, ки хатост бар ту хондан.
Марги падари ту чун шунидам,
Бар мурдаи тан кафан даридам,
Кардам ба тапонча рӯйро хурд,
Пиндоштам, он падар маро мурд!
Дар дида чу гул кашидаам мил,
Ҷома зада чун бунафша дар нил.
Бо ту зи мувофиқиву ёрӣ
Кардам ҳама шарти сӯгворӣ.
Ҷуз омадане, ки н-омад аз даст,
Ҳар шарт, ки бояд,он ҳама ҳаст!
Гар з-он ки тан аз ту ҳаст маҳҷур,
Ҷонам зи ту нест як замон дур.
Аз ранҷи дили ту ҳастам огоҳ,
Ҳам чора шикеб шуд дар ин роҳ.
Рӯзе ду дар ин раҳилхона
Мебояд сохт бо замона,
К-ин хона, ки обу рангат орад,
Аз тангии худ ба тангат орад.
Бифкан чу харон дарозии гӯш,
Кӯтоҳии умр бину хомӯш.
Кам кун ҷазаъу ба сабр бифзой,
Дар раҳ дигарест, харҷ кун ҷой.
Дар дилшудагӣ қарор медор,
Сабре ба ситам ба кор медор.
Ман низ ҳамин иёр дорам,
Лекин қадам устувор дорам.
Оқил, беҳ, агар назар бибандад
З-он гиря, ки душмане бихандад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор