Ҳафтахтар Ҷилди 3

«Акнун чордаҳсола шудӣ, – мегӯяд шоир, – дигар вақти ғофиливу бозӣ нест, бояд ҳунар биомӯзиву сарфароз бишавӣ, донишҳоро азхуд бикуниву бузург бигардӣ!» Яъне, чун падари ҳақиқӣ писарашро ба фарзандии хислатҳои накуи инсонӣ ва донишу ҳунар месупорад:
Ҷое, ки бузург боядат буд,
Фарзандии ман надорадат суд,
Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди хисоли хештан бош!
Чунин пораҳо дар эҷодиёти ҳаким Низомӣ кам нестанд ва дар радифи беҳтарин пандномаҳои адабиётамон қарор доранд.
Тавре ки муҳаққиқон ишора кардаанд, ҳар достони «Хамса» ба ҳокиме манзур шудааст ва муаллиф инъомҳои гаронбаҳое низ гирифтааст. Ҳатто Ҷаҳонпаҳлавон барои «Хусрав ва Ширин» як деҳа ҳадяаш кардааст. Қудрату шуҳрати шоир ба ҷое расида буд, ки ҳокимон худ аз ӯ иншои осорро тақозо менамуданд, чунон ки дар боби «Сабаби назми китоб»-и «Лайлӣ ва Маҷнун» мегӯяд:
Дарҳол расид қосид аз роҳ,
Овард мисоли ҳазрати шоҳ,
Бинвишта ба хатти хуби хешам,
Даҳ-понзда сатри нағз пешам,
Ҳар ҳарфе аз ӯ – шукуфтабоғе,
Афрӯхтатар зи шабчароғе,
К-эй маҳрами ҳалқаи ғуломӣ,
Ҷодусухани ҷаҳон, Низомӣ,
Аз чошнии дами саҳархез
Сеҳре дигар аз сухан барангез.
Он замон Низомӣ, чун ҳакими номвар ва шоири пуршуҳрат, баҳузур метавонист ҳар тақозоеро рад бикунад. Ва ин дафъа дақиқан чунин ҳам карданӣ буд, лекин писараш аз ин раъй баргардонд:
Фарзанд – Муҳаммади Низомӣ,
Он бар дили ман чу ҷон гиромӣ,
Ин нусха чу дил ниҳод бар даст,
Дар паҳлуи ман чу соя биншаст,
Дод аз сари меҳр пои ман бӯс,
К-эй он ки задӣ бар осмон кӯс,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё