Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хусрав-Ширин чу ёд кардӣ,
Чандин дили халқ шод кардӣ,
Лайлӣ-Маҷнун боядат гуфт,
То гавҳари қиматӣ шавад ҷуфт!

Аз ин ва дигар ишораҳои монанди шоир бармеояд, ки Муҳаммад дар пайравии пандҳои бузургворонаи Низомӣ фарзанди оқилу фарзонае будааст, ки падар ба маслиҳати ӯ гӯш медодааст.
Истиқболаш аз ҷониби Туғрулшоҳ низ аз шукӯҳи тамоми шахсу сухани ҳаким Низомӣ гувоҳӣ медиҳад. Ба тасвири достони «Хусрав ва Ширин», вақте ки шоир ба дарбор меояд, маҷлиси унс авҷ мегирифтааст ва ҳама масти майу сармасти рақсу суруд будаанд. Чун Низомии воқеан хушдину парҳезгор мерасад, шоҳ мефармояд, ки ба эҳтиромаш ҳама асбоби ғайришаръии айшро аз миён бардоранд:

Ишорат кард, к-ин як рӯз то шом
Низомиро шавем аз рӯду аз ҷом,
Навои назми ӯ хуштар зи рӯд аст,
Саросар қавлҳои ӯ суруд аст.
Чу Хизр омад, зи бода сар битобем,
Ки оби зиндагӣ бо Хизр ёбем!..
Пас он гаҳ ҳоҷиби хос омаду гуфт:
«Даро, эй тоқи бар ҳар донише ҷуфт!»

Бо вуҷуди чунин нозпарварди ҳокимон будан, ҳаким Низомӣ дурӣ аз онҳоро афзалтар медонад ва табиати ҳукму ҳокимро ҳакимонаву шоирона барои фарзанди арҷмандаш бозгӯ мекунад:

Аз суҳбати подшаҳ бипарҳез
Чун пунбаи хушк аз оташи тез,
Он оташ агарчи пур зи нур аст,
Эмин бувад он касе, ки дур аст!

Шоири маъруф аз мартабаи ҳунармандиву инсонии хеш ифтихор дорад ва аз ҷон мехоҳад, ки писарашро чунин мартабаи баланд насиб бигардад:

Он парда талаб, ки чун Низомӣ
Маъруф шавӣ ба некномӣ.

Вале, аҷиб аст, ки адиби бузург, гаштаву баргашта ҷигарбандашро
панд дода, ба омӯзиши илму ҳунар талқин бикунад ҳам, қотеона суханвар
нашуданашро дархост менамояд ва дар ин замина ҷолиб он аст, ки

пешина
аз 349
навбатӣ