Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарандешид аз он ду ёри дилкаш,
Ки чун созад ба ҳам хошоку оташ.
Ба Ширин гуфт, к-эй фарзона фарзанд,
На бар ман, бар ҳама хубон худованд,
Яке нози туву сад мулки шоҳӣ,
Яке мӯи ту в-аз маҳ то ба моҳӣ.
1
Саодат хоҷатоши сояи ту,
Салоҳ аз ҷумлаи перояи ту.
Ҷаҳонро аз ҷамолат рӯшноӣ,
Ҷамолат дар паноҳи порсоӣ.
Ту ганҷе сарбамуҳрӣ нобисуда,
Баду неки ҷаҳон ноозмуда.
Ҷаҳон найрангҳо донад намудан,
Ба дур дуздидану ёқут судан.
Чунонам дар дил ояд, к-ин ҷаҳонгир
Ба пайванди ту дорад ройу тадбир.
Гар ин соҳибҷаҳон дилдодаи туст,
Шикоре бас шигарф афтодаи туст,
Валекин гарчи бинӣ ношикебаш,
Набинам, гӯш дорӣ бар фиребаш.
Набояд, к-аз сари ширинзабонӣ
Хурад ҳалвои ширин ройгонӣ,
Фурӯ монад туро олудаи хеш,
Ҳавои дигаре гирад фаро пеш.
Чунон зӣ бо рухи хуршеднураш,
Ки пеш аз нон наафтӣ дар танӯраш.
Шунидам, даҳ ҳазораш хубрӯянд,
Ҳама шаккарлабу занҷирмӯянд.
Дилаш чун з-он ҳама гулҳо бихандад,
Чи гӯӣ, дар гуле чун меҳр бандад.
Бале, гар даст бар гавҳар наёбад,
Сар аз гавҳар харидан барнатобад.
Чу бинад некаҳду некномат,
Зи ман хоҳад ба оине тамомат.
Фалакро порсоӣ бар ту гардад,
Ҷаҳонро подшоӣ бар ту гардад.
Чу ту дар гавҳари худ пок бошӣ,
Ба ҷои заҳри ӯ тарёк бошӣ
В-агар дар ишқ бо ту даст ёбад,
Туро ҳам ғофилу ҳам маст ёбад,
Чу Вис аз некномӣ дур гардӣ,
Ба зиштӣ дар ҷаҳон машҳур гардӣ.
Гар ӯ моҳ аст, мо низ офтобем
В-агар Кайхусрав аст, Афросёбем.

Ҳамхоҷа.

пешина
аз 349
навбатӣ