Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чун он харита бардоштам, пушти он сейфи дар девор пинҳон кардашудаеро дидам. Шояд дохили он ҳама асрори ниҳон буд, вале банда барои кушодани он кушише ба харҷ надодам, чунки ҳар як амали ноҷо метавонист шубҳаи соҳибхонаро зиёд намояд.
Рафту агар аз ташрифи шахси бегона соҳиби озмоишгоҳ огоҳ мешуд, аҷаб набуд, ки ҳама далелҳои гирдовардаашро ба хотири нигоҳ доштани бехатариаш несту нобуд насозад. Дар он сурат мо баҳри дайн намудани гуноҳҳояш дар мемондем. Ман бо рӯймолчаам болои миз ва ҳамаи он асбобҳоеро, ки даст расонида будам тоза намуда, аз он бино берун шудам.
Оинаи тирезаро, ки паҳлӯйи девор меистод, ба ҷояш гузошта маҳкам намудам ва ба сӯйи дарвоза ҳаракат кардам, лаҳзае пас дарвозаро кушодам ва худро аз он манзил берун гирифтам...
... 19 ...
Дар кӯча пашша пар намезад. Ҳама дар хоби ноз буданд.
Ба ҷуз чароғҳои кӯча аз тирезае ҳам нишоне аз зиндагӣ ба назар намерасид.
Ба гумон буд, ки дар ин нисфи шаб кадоме аз сокинони гузаргоҳи панҷум, ки сазовори номи баланди кўчаи академикӣ гашта буд, паси мизи корӣ менишаст, вале банда қасам хӯрда наметавонистам, ки дар ҳамин лаҳзаҳо дасти шоҳе дар гардани моҳе ҳалқа нашуда бошад, ҳарчанд моҳи шабрав ҳам кайҳо паси он қуллаҳои осмонбӯси Ғарб панаҳ бурда буд.
Дар он кӯча танҳо ман будаму чароғҳои кӯча ва аҳён – аҳён овози сагҳо, ки аз паси дарвозае садои дар кӯча қадамониро шунида изҳори нигаронӣ мекарданд.
Роҳравон ман хостам сари ҳама он дидаҳоям андеша намоям, вале ин ба гуфтан осон буд. Аз рӯйи таҷрибаи корӣ баҳри ба сари мақсад омадан, аввал оромие чун оромии халиҷ лозим буд, то ҳамаи андешаҳо сари як нуқта гирд оянд. Дар дигар ҳолат мешуд, албатта ман он ду расми дар ҷайбам бударо болои миз мегузоштам ва ё ақалан онҳоро ба даст мегирифтаму нигоҳ мекардам, то андешаҳои парешони худро дар атрофи он расмҳо гирд биёрам, вале дар кӯча ба чунин амал даст задан маъние надошт, дурустараш беақлӣ буд, беақлии маҳз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор