Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун рӯйи роҳи калон баромадам, сари чорроҳае истодам то самти ҳаракати худро муайян намоям, чунки нақлиёти шаҳрӣ он тараф истад, ҳатто аз таксӣ ҳам дар тамоми кӯча нишонае набуд.
Сараввал хостам ба милиса равам, вале чун ба ёд овардам, ки дар остонаи рӯзи якшанбе қарор дорам, чунки ақрабаки соат ба се наздик мешуд, баҳри осудагию истироҳати бештаре ба самти ҷойи истиқоматам ҳаракат намудам. Тахминан баъди даҳ дақиқаи ҳаракат аз рӯ ба рӯям таксие омад ва ман даст бардоштам.
Бечора ронанда гӯё ҳамин ишоратро интизор буд, ки аввал ба қисми рости роҳ такя намуда, сипас бо як маҳорати баланде таксиро тоб дода, ба тарафи самти ҳаракати банда рост намуд ва паҳлӯям истода худ дари пеши тарафи рости онро кушод.
Ман ҳатто суроғаамро ба забон наоварда, худро дохили он гирифтам ва сипас ба кадом тараф рафтанамро ҳам бигуфтам.
Тақрибан баъди ҳамин муддате, ки банда рӯйи роҳи калон пиёда гом мезадам автомашина маро то ба наздикии манзилам овард. Бо ронанда ҳисобӣ намудаву баҳраш барори кор хостам ва танҳо баъди ба роҳ баромаданаш ман аз байни биноҳои бисёрошёна гузашта то пеши хона омадам. Дар қиёс бо он қасрҳои кошии кӯчаи Академикҳо ҳарчанд онҳо бинои якошёна буданд маҳаллаи мо аз замин то само фарқ мекард, чунки аз давру замонаш ҳам маҳаллаи ашрофзодагон набуд. Дар як даромадгоҳи бино дувоздаҳ хоҷагиро байни катакҳои бетонӣ болои ҳам гирд оварда буданд. Дар худи ҳамин як бинои мо панҷову шаш хоҷагӣ истиқомат мекард. Ҳарчӣ буд, ё набуд мо ба ҳамаи каму бешаш шукрона мекардем, чунки ба ғалоғулаи кўдакон одат намуда будем ва паси дари худ саг нигоҳ намедоштем ва боз бисёр имтиёзҳои дигарашро номбар намекунам.
Дарро ба рӯям Наталя Василевна кушод ва ба чашмони хоболуди худ нигоҳ накарда, бо ҳамон нигоҳаш, ки ба пиндори банда аз нурҳои рентгенӣ кам набуданд, сар то қадамамро палмосид. Чун ҷурме дар ману дар либосҳоям наёфт, лабҳои ақиқу зебояшро ба лабонам наздик овард, то банда ҳам дили худ ва ҳам дили ӯро бо бӯсае шод намоям.

пешина
аз 515
навбатӣ