Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Набошад рафтанат лозим.
– Пас он чиптаҳои ба театр гирифтаи худат чӣ мешавад?
Баҳона пеш овардам ман.
– То он вақт боз, даҳ соат вақт ҳаст.
– Ҳоло соат чанд?
– Нуҳу ҳашт дақиқа.
Ман дилу бедилон аз сари дастурхон бархестам ва ҳамсарам то пушти дар гуселам намуда, бори дигар ҳушдорам сохт, ки намоиш соати 1900 оғоз мегардад ва илоҷе намуда, то соатҳои 1800 ба хона биёям.
Ман дигар алфозе ба забон наоварда, аз зинаҳо ба поён рафтам.
Сари роҳ ба Фурӯғ занг зада гуфтам, ки нияти ба Чанор рафтан дорем ва агар майли ба он ҷо рафтан дошта бошанд...
– Акбар Ҳакимович, бубахшед, ки ман рафта наметавонам, охир худ шоҳид будед, ки банда он рӯзи якшанбе ва ҳам дирӯз дар кор будам.
– Рафту ман бароятон ягон хабаре оварда бошам чӣ?
– Агар хабаратон махфӣ набошад метавонед тариқи телефон ҳам бандаро огоҳ созед ва агар махфӣ бошад, то фардо сабр намоед.
– Ин гапи телефонӣ не.
– Набошад фардо ба прокуратура биёед.
– Насиб,– гуфтам ман ва тугмачаи тарафи рости телефонро пахш намуда, ба гуфтугӯ нуқта гузоштам.
Тариқи нақлиёти хурди шаҳрӣ, ки вақтҳои охир тамоми кӯчаю хиёбонҳоро ба зери тасарруфи худ дароварда, доираи нақлиёти асосиро чун аробаи солҳои сиюми асри гузашта, танг намуда истодаанд, рассо ним соат пеш аз сафар ба Чанор дар рӯ ба рӯйи милиса фаромадам. Ба навбатдор гуфтам, ки номи бандаро ҳам ба рӯйхати онҳое, ки нияти ба Чанор рафтан доранд, сабт намояд ва худ ба ошёнаи дуюм баромада, вориди дафтари кориам шудам. Пой ба остона гузошта будам, ки телефони дохилӣ занг зад ва ман ҳамоно ду – се қадами дигар гузошта гӯшакро бардоштам.
– Акбар Ҳакимович шуморо сардор мепурсад, – гуфт навбатдор ва ба гуфтугӯ нуқта гузошт.

пешина
аз 515
навбатӣ