Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Офтоб аз тиреза ба рӯйи бистарам партавфишонӣ дошт.
Даст ба сару рӯй бурдам ва эҳсос намудаам, ки аз шабохун ҳам ҷон ба саломат бурдаам.
Ба ҳамааш шукр гуфтам…
Шукри обаш,
Шукри хокаш,
Шукри субҳу, бомдоди атрнокаш7...
... 20 ...
Ҳанӯз сари дастурхонро тарк накарда будам, ки телефон занг зад ва худи Наталя Василевна, ки дар даҳлез ҷунбуҷӯл дошт гӯшакро бардошт.
– Ҳа, он кас дар хона гуфт ӯ ва бо имое бандаро ба сӯйи худ ово намуд.
– Кист ҳанӯз аз сари дастурхон нахеста пурсидам ман.
– Биё ҳамаашро мефаҳмӣ.
Ман гӯшакро аз дасти ҳамсарам гирифта овоз рушан намудам.
– Акбар Ҳакимович имрӯз ҳафтрӯзагии Беназирро қайд мекарданд, агар нияти ба Чанор рафтан дошта бошед, пас шитобед гуфт навбатдор.
– Кай ба роҳ мебароед?
– Баъди як соат аз пеши идора,– гӯён қосид гӯшакро ба ҷояш гузошт.
– Хушбахтона, ин дафъа модари Далер дар даҳлез ҷунбуҷӯл дошт ва гуфтугӯйи моро бараъло шунид.
Ман гӯшакро гузошта, ба сари дастурхон баргаштам.
– Чӣ намеравӣ?– аз қафои ман омада гуфт Наталя Василевна.
– Намедонам. Ба ростӣ худро нағз ҳис намекунам.
– Пас онҳо чӣ гумон мекунанд?
– Аз куҷо донам.
– Аз коллектив худро канор гирифтан кори хуб нест мефаҳмед?
– То андозае.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор