Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба фикрам бе дахолати раёсати ҳафтуми Вазорат мо дар ин хусус дасткутоҳем. Бинобар ин худи ҳозир гузориши муфассалро бо пешниҳоди андешаҳои худ навишта, ба дасти ман супореду сонӣ ба хона равед.
Соате пас ман айнан чунин гузоришро болои мизи кории Наврӯз Умар гузошта ба хона рафтам...
... 21...
Субҳи рӯзи душанбе аз рӯйи одат банда ним соат пеш аз оғози кор ба милиса омадам. Баробари пой ба остонаи бинои милиса гузаштанам навбатдор ҳушдорам сохт, ки рассо соати ҳашт ҳама ба толори маҷлисгоҳ.
– Хуб шудааст, – гуфтаму ба дафтари кориам рафтам, то парвандаҳои ҷустуҷӯйии дар истеҳсолот бударо ақалан як маротиба варақ зада, баҳри бартараф намудани камбудиҳое, ки полковник Шукрихудоев ва ёваронаш ёфта буданд, нақшаи иловагии корҳои ҷустуҷӯиро тартиб диҳам, ҳарчанд ним соат баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кифоя набуд.
Нав сари мизи корӣ нишаста будам, ки навбатдор занг зада, бандаро ба назди Воҳид Камол хонд. Аз он чӣ ки сардор то вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ интизор нашуда, маро ба наздаш хонд, худ фоли неке аз оғози кор набуд. Баъди ду ё шояд се дақиқа ман аллакай ба дари дафтари кории вай ангушт задам ва мунтазири даъват ҳам нашуда дарро кушодам. Воҳид Камол дар пеши тирезаи ба тарафи ҳавлӣ кушода мешуда тамоку дуд мекард ва баробари кушодани дар рӯяшро гардо-нида бандаро ба даромадан ҳидоят намуд.
Ба сари мизи кориаш баргашта, тамокуи нимсӯхтаро ба хокистардони мармарини сиёҳ гузошта, бандаро бо ишораи даст ба нишастан даъват карда, худ ба курсии мулоимаш такя намуда, лаҳзае нигоҳашро ба тарафи ман духта, баъд овоз рушан намуда гуфт:
– Дирӯз бегоҳӣ ман супориш додам, ки худатро ба милиса ҷеғ занад, вале афсӯс ҳама талошҳои мо бе натиҷа анҷомид.
Дар ҳақиқат дирӯз бегоҳӣ баъди аз милиса ба хона рафтан ман телефони дастиамро хомӯш намудам ва ҳатто Наталя Василевна ҳам ноқилҳои телефони хонаро аз пайвандаш ҷудо намуд, то касе садди роҳи ба театр рафтани мо нагардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор