Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман акнун фаҳмидам, ки гузориши дирӯзаам, ки ба дасти Наврӯз Умар дода будам, аҷаб не боиси ҳангомаи зиёде гашта бошад.
Ҳарчанд то кунун Воҳид Камол дар ин бора сухане ба забон наоварда буд, вале сабаби ҷустуҷӯйи вайро ман айнан дар ҳамин медидам. Ниҳоят баъди дар мизони ақл баркашидани ҳамаи тарафҳои кор гуфтам:
– Ман дар хона будам.
– Дар хона будед, вале телефонро набардоштед.
– Телефони дастиам кор намекард. Овози занги телефони хона бошад паст будааст, шояд дар ҳамон лаҳзаҳо садояшро нашунидаем.
– Инаш ҳам ба бахти худат, ки овозашро нашунидию гӯшакро набардоштӣ.
– Чӣ ягон ҳодиса рух дод?
– Ҳодиса мегӯед?
– Ҳа ҳодиса.
– Ҳодиса ин кам аст магар ғайриқонуни вориди манзили истиқомати шаҳрвандон шудан ҳодиса нест?
– Ин ҳамааш вобаста аз он ки воридшавандаро дар ҳамон лаҳзаҳо чӣ фикре дар сар буда...
– Ҳамон амали ғайриқонунии худи шумо аз нигоҳи қонун?
– Ба ҳар ҳол онро ба гурӯҳои ҷиноятҳо дохил намудан ғайриимкон аст.
– Чаро?
– Чунки воридшавандаро дар ниҳод баҳри тасарруфи амво-лу ашёи он кошонаи зебо фикре дар сар набуд. Ҳамаи амалҳои ӯ баҳри рушани андохтан ба он муаммои сарбастае буд, ки тай як ҳафта моро ором намегузорад.
– Рафтори шумо аз корманди милиса дида, ба ҳаракатҳои детективҳои хусусӣ аз кинофилмҳои бадеии Ғарб шабеҳи бештаре дорад.
– Мефаҳмам, дурустараш акнун фаҳмидам.
– Ман ҳам афсӯс бар он мехӯрам, ки акнун қаҳру ғазабам фурӯ нишастааст.

пешина
аз 515
навбатӣ