Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Оллоҳ таолло бузург аст ва албатта дар фикри мо бандаҳои осиаш, ки дарвозаро монда, тариқи деворе, ки аз девори калони Чин кам набуд, вориди ҳавлие шудем, ҳаст.
– На танҳо девори бузурги Чин, балки кӯҳҳои сар ба афлок кашидаи Помирро ҳам пайроҳаи баромад ҳаст. Давлат дар қонуни хешро баҳри мо ҳамон пайроҳаро нишон додааст, вале афсӯс, ки худи мо роҳи ростро хуш надорем.
Чӣ ҳам мегуфтам ман, модоме ки худ ҳамаи он ваколатҳои қонунии худро пеши по задаму дарвозаро монда, аз рӯйи девор вориди ҳавлии Эшонова шудам.
Касе ба дар ангушт зад ва Воҳид Камол овоз рушан намуд.
– Рафиқ полковник ҳайати шахсӣ ҳама дар толори маҷлисгоҳ,– дарро кушода аз санҷаи он гузориш дод навбатдори ШКД майори милиса Ҳамроҳ Қаюмов.
– Суҳбат боқӣ гуфт Воҳид Камол ва аз ҷой бархест.
Соате мо сари масъалаҳои мубрами рӯз андешаҳои Воҳид Камол ва муовинонашро гӯш кардем.
Ҳарчанд банда интизори гӯшмоли дурусттаре будам, вале сардор ҳатто номи бандаро ба забон наовард. Аз ҳамин рӯ ман ба хулосае омадам, ки гузориши дирӯзаам қобили қабули вай гаштааст ва ҳамаи ин суҳбати яка ба якааш танҳо характери огоҳкунанда доштааст, ки минбаъд аз истифодаи чунин роҳ худдорӣ намоям.
– Наврӯз Умар ҳамроҳи Абдумаҷидов ба дафтари кории ман биёед,– баъди анҷоми маҷлис гуфт Воҳид Камол аз дари толори маҷлисгоҳ баромада истода.
Баъди даҳ дақиқаи анҷоми маҷлис мо боз вориди дафтари кории Воҳид Камол гаштем.
– То оғози маҷлис мо бо Акбар Ҳакимович суҳбати хоса доштем ва аминам, ки дигар ӯ ҳаргиз аз он пайроҳаи дишабааш қадам нахоҳад зад.
– Осуда бошед,– сардорро ором намуда гуфт Наврӯз Умар ва бо ин васила бандаро аз қасам ёд кардан озод намуд.
Маълум, ки онҳо дирӯз сари ин масъала баҳсу мунозираи калоне доштанд.

пешина
аз 515
навбатӣ