Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ному насабаш?
– Номаш Файзиддин насабашро намедонам.
– Ӯро аз куҷо мешиносед?
– Ман ӯро боре аз мошинбозор ҳамроҳи Беназир ба шаҳр овардам.
– Нагуфт, ки дар куҷо кор мекунад.
– Беназир гуфт, ки Файзиддин ҳам милиса аст.
– Онҳо дар куҷо фаромаданд?
– Дар наздикии майдони Варзишгар.
– Ин ҳодиса кай буд?
– Кадом ҳодиса?
– Ҳамин вохӯрии шумо?
– Дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта. Ҳамон рӯз бегоҳиаш барф борид, барфи аввалин.
– Дигар ӯро дар ягон ҷой надидед?
– Не.
– Беназирро чӣ?
– Ӯро ҳам надидам, – гӯён ронанда он расмро ба ман баргардонид ва автомашинаашро ба ҳаракат даровард.
Чанд лаҳза пас мо вориди деҳаи Чанор шудем. Ман дар аввали даромадгоҳи деҳа нияти аз автомашина фаромадан намудам.
– Аллакай шом шудааст, биё беҳтараш ба хона равем.
– Охир ман аз пайи кор омадаам.
– Маҳмудро ман ба хона даъват мекунам, ҳамон ҷо суҳбат намоед беҳтар.
Чун ман дигар ҳарфе ба забон наовардам, ронанда ҳам суръати ҳаракати автомашинаашро паст накард. «Волво» аз кӯчаҳои деҳ тоб хӯрда, баъди ду – се дақиқа пушти дарвозае, ки рангаш сабз буд бозистод.
– Мо мардум хислати аҷибе дорем,– гуфт ронанда ва пеш аз он ки аз автомашина берун ояд номи худ бигуфт.
Ӯро Ардашер ном будааст. Бо дипломи меъмор – сохтмончӣ акнун ба тиҷорат машғул аст, яъне аз ихтисосаш фарсахҳо дур. Ӯро ду писару як духтар, ки калониаш ҳашт солаву хурдиаш ду сола аст, ҳамроҳи ҳамсараш пешвоз гирифтанд.

пешина
аз 515
навбатӣ