Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гумон мерафт, ки онҳо солиёни зиёде дар фироқи якдигаранд, ҳол он ки Ардашер сари субҳ ба шаҳр рафта будааст...
Баъди ним соат ҷавони тахминан бисту панҷ бисту ҳаштсолае вориди меҳмонхонаи Ардашер шуд.
– Ин кас Маҳмуд.
– Маҳмуд ин бародар Акбар Ҳакимович моро бо ҳам муаррифӣ намуд соҳибхона.
Дар сари дастархони пурнозу неъмат мо то посе аз шаб гузаштан суҳбат намудем.
Бар хилофи Ардашер Маҳмуд ҳамон духтаракеро ки баҳри омӯзиши тапончаи Макаров камари ҳимат баста буд, шинохт.
– Ҳамин духтарак ҳамсабақи Беназир аст. Номаш Сулҳия.
– Шумо ӯро дар куҷо дидаед?
– Ману Беназир дар як донишгоҳ таҳсил мекардем, вале худораҳматӣ худаш ба бахти худ зомин шуд.
– Чӣ хел?
– Ман намедонам, вале рӯзе ман тариқи почта мактубе гирифтам, ки дар дохили лифофа танҳо як расм буд. Ба ростӣ аз дидани он манзара вуҷудам биларзид. Чун мо дар арафаи тӯй қарор доштем, ман он расмро пинҳон карда натавонистам, тарсидам, ки баъди тӯй оне ки ин расмро фиристодааст нусхаи дигарашро баҳри шантаж нафиристад, бинобар ин аз падару модарам хоҳиш намудам, ки маро аз ин варта озод намоянд. Онҳо бо сари паст ба хонаи падару модари Беназир рафтанд, то тӯйро боздоранд, вале модари Беназир қиёматро ба по хезонд.
Ниҳоят ман маҷбур шудам, ки он расмро ба модари арӯсшавандаам нишон диҳам.
Баъди ин ҳодиса Беназир дар шаҳр монд. Баъдтар шунидам, ки ӯ дар милиса ба кор даромадааст.
– Намедонед он расмро кӣ фиристод?
– Ҳамон вақт ман Сулҳияро ба ёд оварда, наздаш рафтам то бифаҳмам Беназирро чӣ асрорест. Ӯ гуфт, ки ин ҳама кори модари угайи ӯст. Ба назди модари угайяш ҳам рафтам ва айнан чунин расми Беназирро дар соҳили баҳр ҳамроҳи вай дидам. Он чӣ ки модари угайи Сулҳия гуфт ба ақл рост намеомад.

пешина
аз 515
навбатӣ