Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Охир дар он коғазҳо (ман ба коғазҳои пешниҳод намудаам, ки ҳанӯз болои мизи муфаттиш меистоданд ишора намудам) ягон хабари кироие нест.
– Хонандаи нуктасанҷ худаш некро аз бад ҷудо карда метавонад,– бо як табассуми ба худаш зебандае бигуфт Фурӯғ.
– Дар ин коғазҳои пешниҳод намудаи банда, кадомаш нек аст, ки манзури шумо гардида.
– Ончи ки дар коғазҳо оварда шудааст бе рангу бори иловагист. Ман ҳеҷ гоҳ зоҳирпараст набудам ва дар ҳама ҳолат ба ботини инсон менигарам, ҳамчуноне, ки дар як рӯзномаи калон шумо танҳо ба Мария Шараповна аҳамият додед.
– Инкор намекунам.
– Шумо дар ин сафари худ ба Чанор андешаҳои онҳоеро овардаед, ки ман дар рӯзи ҷанозаи Беназири Назир шунида будам.
– Яъне?
– Ҳатто дар рӯзи ҷаноза баъзе аз ҳамдеҳагони Беназир ӯро сабукпой номиданд ва боз гуфтанд, ки ҳамаи он пулу моле, ки ба падару модараш фиристодааст бо роҳи ҳаром ба даст оварда будааст.
– Аз нигоҳи мардум ягон сир пинҳон намемонад.
– Хело хуб аст, ки акнун падару модараш ҳам ҳамин ҳолатро дарк намудаанд.Чизи дигаре, ки дар дастовардҳои шумо ҳаст ин аз як пайроҳа гузаштани Беназир ва Файзиддин аст.
Исто, ки шумо ин ду расмро аз куҷо ба даст овардед ба расмҳои аз хонаи Эшонова ёфтшуда нигариста пурсид ӯ.
– Ин таърихи дуру дарозест.
– Ҳаминаш кифоя аст, ки шумо онҳоро дастрас намудед ва агар хатто накунам ҳамин духтараке, ки омӯзиши тапончаро мақсади асосии худ қарор додааст худи Сулҳия Муродовна аст.
– Бале, худи худаш. Исто, ки шумо ӯро чӣ хел шинохтаед?
– Аз суханони Анори Зокир.
– Чӣ хел?
– Анор гуфт, ки Сулҳия дар тарафи рости рухсорааш холи сиёҳе дорад.
– Ана худ қазовот намоед,– гӯён муфаттиш ҳарду расмро пеши ман гузошт.

пешина
аз 515
навбатӣ