Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун дурустар назар намудам дар ҳарду расм ҳам он холи зеборо дидам, ки худ тасдиқи суханони муфаттиш буд.
– Дар ин ду – се рӯз чӣ дастоварде тафтишотро насиб гашт?
– Шумо ҳамон шаб дар дасти марде, ки дар қабати панҷуму шашуми бинои нӯҳошёнаи кӯчаи Айнӣ вохӯрдед чӣ дидед?
– Ӯро дипломати хурдакаке дар даст буд.
Муфаттиш дигар сухане ба забон наоварда аз ҷой бархест ва аз сейф парвандаи ҷиноиеро берун оварда, аз дохили он ду – се варақро, ки бо сузанак бо ҳам пайваст шуда буданд, бароварда ба дастам дод.
Аслан ҳарду варақ хулосаи ташхиси баластикии мармие буд, ки пешонаи Файзиддинро дар кӯчаи Айнӣ шикофта буд.
Чун гилзаи он ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ёфт нашуда буд, худи мармии дар ҷисми раис дармонда гувоҳи он буд, ки он аз ягон навъи яроқи хурдмил, аз қабили ТОЗ – 8 ва ё яроқҳои ба он монанд берун омадааст. Чунин намуди мармиро ба ҷуз яроқҳои ҳаҷман калон аз қабили яроқҳои ТОЗ боз дар тапончаи навъи «Марголин» низ истифода мебаранд, вале чун худи гилза аз ҷойи ҳодиса ёфт нашуда буд, ташхисгар баластик низ нисбат ба мармии ёфтшуда хулосаи худро ба таври эҳтимоли байён сохта буд, ё, ё...
– Хуш, ба инаш чӣ мегӯед?
– Ду куштор аз ду намуди яроқ.
– Магар онҳоро ба ҳам пайвастан имкон дорад?
– Албатта.
– Далел?
– Гумон мекунам, ки нафари дуюм қурбони нафс гаштааст.
– Равшантар гап занед.
– Ба фикрам Файзиддин дар ду фронт нақш мебозид, дурустараш ӯ ҳам Беназир ва ҳам қотили вайро мешинохт. Чун шахсияти вайро мо то кунун пурра муайян накардаем дар айни вақт ӯро чун шоҳиди номатлубе арзёбӣ мекунем, яъне ӯ медонист, ки кӣ қасд ба ҷони Беназир намуда ва бо роҳи шантаж қотилро баҳри саҷда маҷбур намуда, бехабар аз он ки бо ин васила худро ба доми марг мепартояд.

пешина
аз 515
навбатӣ