Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Пас куҷост кафолат, ки дар чунин як муддати тулонӣ қотил (агар дар ҳақиқат вайро бо он хона пайвастагие бошад) ҳама гуна осори ҷиноятро бо худ набурда бошад.
– Чунинашро ҳам инкор намекунам, вале...
– Гап занед?
– Попытка не пытка.
– Чӣ илоҷ ман бо шеф дар ҳамин бора суҳбат хоҳам кард, Аминам, ки ӯ моро дастгирӣ хоҳад кард, вале як чизро ман фаҳмидан мехостам, он дари фулодинро мо чӣ хел мекушоем ё мутахассис ҳам ҷеғ занем?
– Анори Зокир нагуфт, ки калидҳои хонаи Беҳрӯз Ниёз дар дасти ӯ мебошанд.
– Ба фикрам гуфт, ҳоло нишондодашро мебинам, вале аҷибаш он аст, ки ҳамон шаби азназаргузаронии ҷойи ҳодиса вай дар ин бора даҳон накушод.
– Ана барои ҳамин ҳам як маротиба ақалан по бар остонаи он хона гузоштан лозим.
– Ба фикрам шумо аз Анори Зокир ҳам гумонбаред, ё гапам нодуруст?
– Мо то кунун номи вайро аз рӯйхати гумонбаршудагон набаровардаем.
– Вале он рӯзе, ки кафил шуда, вайро дубора ба ин ҷо овардед, ман дар бораи муносибати шумо дигар хел андеша намудам.
– Андешаҳои ботил.
– Маро бубахшед.
– Барои кадом гуноҳатон?
– Барои ҳамон андешаҳои нодурустам нисбат ба шумо, ба ростӣ гумон намудам, ки муносибати шумою пешхизмати тарабхона муносибати оддӣ нест.
– Сареву савдое,– гӯён ман аз ҷой бархестам.
– Меравед?
– Акнун рафтанам лозим.
– Худо ҳофиз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор