Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

... 24 ...
Дар байни зинаҳои ошёнаи якум ва дуюм бо Наврӯз Умар рӯ ба рӯ омадам.
– Акбар Ҳакимович маро шеф ҷеғ зад, хохиш мекунам то бозгашти банда ба ягон ҷо наравед,– баъди салому алейк гуфт сардори бахш ва аз зинаҳо ба поён рафт.
Ман вориди дафтари кориам шуда, баҳри тоза намудан ҳавои дохил дару тирезаро кушодам. Рафту бо Наврӯз Умар рӯ ба рӯ намеомадам ҷузвдони чарминамро болои миз гузошта, аз бинои милиса мебаромадам, вале акнун ҳамаи ин танҳо хаёли хом буду бас.
Дар ин муддате, ки дару тиреза кушода буд, ман ҳуҷҷатҳои дохили ҷузвдонро ба ғалладони мизи кориам гузошта, тамоку даргирондам ва худ пушти тиреза рост шуда, чашм ба ҳавлӣ духтам.
Ҳавлии милиса аслан бо девори баланди бетонӣ иҳота карда шуда аст. Дар гӯшаи рости он бинои якошёнаи ИВС14, ки аз ҳашт ҳуҷраи алоҳида иборат аст, ҷойгир шуда. Худи ҳамин бино низ бо девори баланди бетонӣ, ки болояш симхор дораду дарвозаи оҳанин ИВС – ро аз худи бинои милиса ҷудо месозад.
Ҳарчанд худи ин иморати якошёна ҷузъи ҷудонашавандаи милисаи ноҳияи Гулистон аст, вале ба андешаи банда ӯ Ватиканро15 мемонад. Сари ҳамин масъала ман борҳо бо Наврӯз баҳс намудам, вале сардори бахш аз асп фаромада бошад ҳам, пой аз рикоб нагирифт. Ба ростӣ баъди суҳбати соате пештар бо Фурӯғи Шариф доштаам, ман бо мавҷи хайёлоти худ Анори Зокирро ба Ватикан овардам. Аз чунин андеша ҳатто вуҷудам биларзид ва банда дар пойгоҳи он девори баланд, ки болояш симхор дораду дараш аз фӯлод аст, худро музтару нотавон дидам. Худо нишон надиҳаду Анор шаҳрванди ин давлати дар дохили давлати дигар буда нагардад, вагарна ман ба ӯ дасти ёрӣ ҳам дароз карда наметавонам.
Тарафи чап ё худ қисми боқимондаи ҳавлӣ ки на камтар аз ним гектар масоҳат дорад ва қисме аз он мумфарш аст, ҷойи гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳост. Ниҳоят ман дару тирезаро пӯшида сари мизи корӣ нишастам. Аз ҳама ҳолати ногувораш он буд, ки мо то кунун дастоварди дурусте дар бораи марги Беназири Назир надоштем, ҳарчанд медонистем, ки дар фаъолияти худ дар милиса ӯ дар фронти дуюм ҳам нақш бозидааст, вале мо намедонистем, ки нақши Беназир дар фронт чигуна аст ва он фронтро сарфармондеҳ кист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор