Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар ин даҳ шабонарӯз ҳар қадар мо дар атрофи хоҳиши якаву ягонаи Воҳид Камол ҷонбозиҳо намудем, ба торҳои танидаи Беназир зиёдтар дармондем. Ду ҳазор доллари аз зери болинаш ёфта кам буд, ки боз се ҳазор доллари дигар рӯйи саҳна омад. Албатта, Воҳид Камол ҳоло ҳам дар бораи Беназир андешаҳои мусбӣ дошт ва рафту агар хабари се ҳазор доллари ба волидайнаш фиристодаи Беназирро мешунид, шояд пеши рӯҳи шогирди бо зиндагӣ падруд гуфтааш куллоҳ аз сар мегирифт…
– Шинос шавед, ин кас Беназири Назир. Ҳамин суханонро соли гузашта дар арафаи Наврӯз сардорамон гуфта буд. Ман намедонам Беназир бозёфти кӣ буд. Дар як сол мо ӯро нашинохтем. Не, шинохтем, вале дар зоҳир. Чунки мо ҳама зоҳирпарастем. Муфаттиш рост гуфт, ки ӯ зоҳирпараст нест, агар чунин намебуд, дар як сафар ба Чинор он қадар маълумот гирд намеовард. Дастовардҳои минбаъдаи мо низ дар ин самт натиҷаи андешаҳои ӯст.
Аз бисёр ҷиҳат нигоҳи ман ва муфаттиши прокуратура аз як кунҷ мегузарад, рафту аз ду кунҷ ҳам нигоҳ намоем, хатти буриши он нигоҳҳо аз як нуқта мегузарад. Шояд ҳамин нуқта дар назар аст, ки ман нисбат ба вай эҳтироми беандоза дорам.
Фурӯғ аз дафтари кориаш набаромада, андешаи онро дорад, ки ҳамон марди ба ақидаи худи вай мӯйлаби сунъӣ ва риши нотарошида доштааст, метавонист ба ҷуз аз хонаи Анори Зокир аз хонаи Беҳрӯзи Ниёз ҳам барояд, ҳол он ки банда барои ба чунин хулоса омадан қариб, ки шаҳрро ду маротиба аз сару бар қадам задам...
Ҳамаи ин дар ҳолатест, ки мо то кунун ба коғазбозӣ даст назадаем, вале аз ҳуҷҷатгузорӣ ҳам моро дигар роҳи гурез нест.
Фардо парвандаи ҷустуҷӯйиро оғоз мекунем ва боз рӯзе мешаваду шогирдони полковник Шукрихудоев онро варақ мезананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор