Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чӣ хел?
– Мо бояд муайян намоем, ки он бонуи хайрхоҳ аз куҷо ба хонаи пиразан Рогозина занг задааст.
– Гумон мекунам, ки аз телефон – автомати сари кӯча.
– Чаро аз телефони дастиаш не?
– Чунки ӯро таҷрибаи корӣ ҳидоят месозад, ки дар соя бошад.
– Агар ӯ дар соя будан мехост занг намезад.
– Инаш ҳам дуруст, вале шояд ӯро матлабест?
– Чӣ хел матлаб?
– Афсӯс, ки мо он матлабро намедонем, вагарна кайҳо ба сари ин муаммои печон оби хунук мерехтем.
– Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, зангзананда хоҳони он аст, ки мо ба ҳодисаҳои дар даҳ рӯзи охир рухдода, аз паси панҷа нигоҳ накунем.
– Намедонам ӯро чӣ андешае дар сар аст, вале ҳаминаш баръало маълум аст, ки ҳар як ҳаракати мо дар зери назорати вай аст.
– Гумон доред, ки касе аз дохили худи милиса бо вай дар тамос аст?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Нагуфтед, вале барои инкор намудани чунин амал ҳам далеле надоред.
– Бале, далеле ҳам дар ин бора дар дасти мо нест.
– Мушкилии кор ҳам дар ҳамин аст, ки сафҳои милиса тоза нестанд. Корнамоиҳои Беназир кам буд, ки Салим Ворис ҳам мақоми худро аз даст дода истодааст.
– Чӣ магар дар бораи Салим Ворис ягон маълумоте ҳаст?
– Дирӯз Воҳид Камол маълумотномаи махфиеро дар бораи назорат аз қафои лейтенанти милиса Салим Ворис ба ман нишон дод, ҳарчанд бо чунин як коғаз ӯро гунаҳкор кардан намешавад, вале доираи фаъолияти Салим бар хилофи вазифаи хизматии вай аст.
– Чӣ хел?
– Дар асоси маълумотномаи пешниҳод кардаи раёсати ҳафтуми вазорат дар чор шабонарӯзи охир Салим Ворис бо ду гурӯҳи нашъаҷалобон вохӯриҳои маҳрамона доштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор