Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Мазмуни суҳбати онҳоро муайян накардаанд?
– Ба гурӯҳи назорати сабти овози онҳо муяссар нашудааст, вале акси вай бо онҳое, ки вайро шарики стратегии худ хондаанд, аз нигоҳи объектив дур намондааст.
– Шахсияти он гурӯҳҳо муайян карда шудааст?
– Албатта.
– Яке аз шахсони ба объектив афтида ин Амон Ҳотам бо тахаллуси Корвон аст. Ба фикрам кию чикора будани ин нашъаҷалобро ҳамагон медонанд.
– О, вай дар маҳбас буд?
– Амон Ҳотам панҷ моҳ пеш аз маҳбас озод шудаст, вале ба фикрам аз шаш соли дар маҳбасхонаҳои Руссия гаштан ҳам баҳри худ сабақе нагирифт.
– Хар рафт Макаву Мадина ва боз гашт бо ҳамон гӯшҳои дароз.
– Ҳамин хел аст. Ҳарчанд ӯ сокини ноҳияи мо нест, вале мо худ кафолат дода наметавонем, ки гарди «бозори» вай ғубореро болои сарамон намеорад.
– Дигараш кист?
– Ҳусайни Абдул бо тахаллуси Алик.
– Ҳамоне ки шашяки сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро «ҳимоя» мекунад?
– Худи худаш.
– Ба фикрам Алик ҳам на як бору ду бор мавриди таҳқиқу тафтиш қарор гирифта аст.
– Ҳарчанд ӯро имконияти паси панҷара ҷо ба ҷо кардан нашуда бошад, ҳам эшон ҳеҷ гоҳ аз назари марҳамати мақомотҳои қудратӣ дур набудааст.
– Салим Ворисро бо онҳо чӣ пайвастагие ҳаст?
– Ба андешаи банда Салим дар куҷое ба хаттогӣ роҳ додааст ва ба торҳои танидаи олами ҷиноӣ дармондааст.
– Ба андешаи шумо он чӣ хаттоест?
– Намедонам, вале гумон мекунам, олами ҷиноӣ баҳри ошкор намудани гуноҳҳои вай далелҳои муътаманде дорад.
– Ӯро аз ин гирдоб баровардан имконият нест?
– Ба гумон аст.
– Наход Салим аз соҳил ин қадар дур рафта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор