Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шояд онҳо аз ташрифи банда ба он манзил хабар ёфтаанд?
– Ба гумон аст.
– Охир баъди аз он макон берун омадани ман ҳавлӣ қариб як шабонарӯз дар зери назорат набуд.
– Дар ҳамин муддат Сулҳия ҳамроҳи Салим дар кӯчаи Деҳотӣ буданд.
– Рафту...
– Назорати беруна ҳар як қадами Салимро бо сонияву дақиқааш ба қайд гирифтааст ва аз соати 2200 – и шаби шанбе ба якшанбе то соати 1928 дақиқаи рӯзи якшанбе Сулҳия лаҳзае аз паҳлӯйи Салим дур нарафтааст. Мо бошем рӯзи якшанбе соати
18 аллакай дар гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо дидбонгоҳи худро ҷо ба ҷо намуда будем. Дар ҳамин муддат агар каси дигар ба он манзил ташриф оварда бошад, қасам намехурам, вале Салиму маҳбубааш имконияти ба он ҷо омадан надоштанд.
– Акнун бовар намудам.
– Ҳа, дар воқеъ Ҳусайни Абдул замоне ҳамсабақи Беҳрӯз Ниёз будааст.
– Дар мактаби миёна?
– Не, дар донишгоҳ.
– Ана ин гапи дигар.
– Мо нағз медонем, ки Беҳрӯз Ниёз дар як моҳи охир дар Ватан нест, пас ӯро бо Алик чӣ иртиботест.
– Дар мадди аввал ҳеҷ иртиботе, вале агар дурустар назар афканем пайвастагиеро дарёфтан мумкин.
– Кадом пайвастагиро?
– Тассавур намоед, ки ҳодисаҳо чӣ хел пай дар пай омадаанд. Раис ба қавле аз хонаи Беҳрӯз Ниёз ба тарабхонаи «Кайҳон» занг зада, омадани пешхизматро ба хонааш талаб намудааст. Дар шиносоӣ раис бо ҳамсояаш Анори Зокир, Беҳрӯз Ниёз саҳм дорад. Сеюм ӯ ба Молдова рафта, як калидро ба дасти нафаре додааст, ки худ дар хонаи пиразан Рогозина иҷоранишин буда, ҳол он ки калиди дуюм дар дасти ҳамсоя Анори Зокир буд.
– Яъне ки калиди дуюм дар дасти раис набуд.

пешина
аз 515
навбатӣ