Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гумон мекунам, ки набуд, чунки баъди ба ошёнаи нуҳум баромадан ҳаргиз мард хонаи зани шиносро монда ба хонае, ки дараш баста асту дудаш кушта намедарояд.
– Пас раис аз куҷо ба тарабхона занг зад?
– Эҳтимол аз худи хонаи Анори Зокир.
– Чӣ тавр ӯ бе калид вориди он хона шуд?
– Тариқи бо калид кушодани дар.
– Охир Анори Зокир дар нишондодаш овардааст, ки калидро Файзиддин аз хонаи ҳамсоя гирифтааст.
– Рафту мо агар ҳамон шаб дари хонаи ҳамсояро мекушодем ба ин суоли худ бе муҳобот ҷавоб меёфтем.
– Пас чаро ҳамин корро накардед?
– Чунки дар он ҷо на ман, балки дигарон сарвари гурӯҳ буданд ва агар Фурӯғи Шариф намеомад аз эҳтимол дур набуд, ки худи маро чун гумонбаршуда дастгир накунанд.
– Медонам, вале бар гузашта салавот.
– Акнун ин ҳама андешаҳои мо мушти баъди ҷанг ба ёд омадаро мемонад.
– Муштеро, ки онро ба сари худ бояд зад.
– Бале.
– Мо аз мавзӯи асли каме дур рафтем.
– Шумо дар бораи нишондоди Анори Зокир ёдовар шуда гуфтед, ки Файзиддин калидҳои хонаи вайро аз хонаи ҳамсоя гирифтааст.
– Бале, ҳамин хел нишондод ҳаст.
– То ҳамин лаҳзаҳо банда низ чунин мешуморам.
– Акнун чӣ?
– Биёед беҳтараш аз нигоҳи мантиқ ба рафти ҳодисаҳо баҳо диҳем.
– Зид нестам.
– Ҳусайни Абдул ҳамон нафаре, ки аз шаш як ҳиссаи сарҳадро «ҳимоя» мекунад, дурустараш аз шаш як ҳиссаи сарҳадро гоҳу ногоҳ ғайриқонунӣ убур мекунад ё убуркунандагони сарҳадро дар ҳамин қитъа ҳимоя мекунад. Албатта, ӯ дар байни сарҳадбонон ҳам чашму гӯши худро дорад, вагарна як нашъаҷалоб куҷою, як сохтори давлатӣ, ки ҳифзи сарҳадро ба душ дорад куҷо.

пешина
аз 515
навбатӣ