Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Модоме ки Алик дар донишгоҳ ҳамсабақи Беҳрӯз Ниёз будааст, аҷаб нест дар пушт ба сӯйи шогирдон гардонидани собиқ муаллим ҳам ӯ саҳмгузор набошад ҳарчанд ҳамсари Беҳрӯз то ба саҳнаи тиҷорат қадам ниҳодани шавҳар худ ризқу рӯзии худро аз тиҷорат ёфта.
– Шумо андешаи онро доред, ки калиди хонаи Беҳрӯз дар дасти ҳамсабақаш буд?
– Чаро не. Ҳарчанд то кунун мо муайян накардаем, ки хатти тақдир дар чорроҳае Аликро ба раис рӯ ба рӯ намудааст ё не, вале рафти ҳодисаҳо шаҳодат медиҳанд, ки онҳо дар пайроҳаи зиндагӣ бо ҳам рӯ ба рӯ омадаанд.
– Афсӯс бар он мехӯрам, ки то кунун аз Кишнёв ҷавоби расмӣ нест.
– Чаро мо аз бегонагон нолем, модоме ки асрори ниҳони идораи моро мӯшаке ба берун мебарад?
– Шояд ҳамаи инро сабаб он аст, ки ҳангоми сухангӯӣ аксари мо андеша намекунем, ки девор мӯш ва мӯш гӯш дорад.
Занги телефон садо дод. Ман гӯшакро бардоштаму сипас онро ба Наврӯз Умар додам. Рафиқ полковник ҳозир меоям гӯён ӯ аз ҷой бархест...
... 25 ...
Шояд ман бозгашти Наврӯз Умарро аз назди сардори ШКД ин дафъа ҳам интизор мешудам агар...
Лаҳзае пас аз рафтани вай телефон дуюмбора занг намезад.
Чун гӯшакро бардоштам овози шиносро шунидам.
– Тенҷӣ ҳаст.
– Тенҷӣ – тенҷист, вале як даъватномаи калон дар ду шабонарӯзи охир худатро интизор.
– Маро?
– Бале, худатро! – паст наомада гуфт Наталя Василевна.
– Шояд дурустар бандаро ба мазмуни вай шинос намоӣ?
– Хобатро ба об гӯй гуфт,– модари Абдумаҷид ва гӯшакро ба ҷояш гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор