Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар се шабонарӯзи боздошти ронанда дар ИВС ба мо муяссар шуд, ки доираи фаъолияти ӯ ва мусофирдухтарро, ки аз ӯ забонхат барои аз ҷойи истиқоматаш нарафтан гирифта будем, муайян намоем. Маълум шуд, ки айнан бо иштироки ҳамин духтарак, ки ӯро Зебӣ ном буд, шаш моҳ пештар чунин ҳодиса дар ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шуда будааст ва ронандаи автомашинаеро, ки Зебӣ савори он будааст, ба муддати шаш сол аз озодӣ маҳрум намудаанд. Дар ҳамон парвандаи ҷиноӣ ҳам Зебӣ чун шоҳид ба муқобили ронанда нишондод додааст, акнун бошад...
Ҳамзамон ронанда Қурбони Амиршоҳ донишҷӯйи соли дуюми мактаби олии КГБ дар шаҳри Минск буд.
Дар ҳоле ки мо ронандаро аз ИВС баровардем мусофири ӯ пой бар он остона гузошт ва баъди ду шабонарӯзи дигар ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба қавле бегуноҳии ронанда Қурбони Амиршоҳро бо далелҳои рад нашаванда тасдиқ намуд.
Дар ҳамин ҷо полковники милиса Амириён чун мард рафтор кард ва аз қонуншиканиҳои дастпарвари мактаби олии КГБ чашм пӯшид. Маҳз ҳамин рафтори хирадмандонаи Амириён сабаб гашту дар Минск касе аз «корнамоиҳои» Қурбони Амиршоҳ хабардор нашуд ва ӯ бе ягон мамониат мактабро хатм намуд...
– Ҳамааш гӯё дирӯз буд, – ниҳоят овоз рушан кард мусоҳибам.
– Аҷиб, ки дар ин солҳо ман дигар боре ҳам шуморо надидам.
– Қариб понздаҳ сол боз дар хориҷи кишвар будам. Се моҳ боз инҷоям боз он се соли мактаб.
– Ҳа, аз он вақт ҳаждаҳ сол гузашт.
– Ба ростӣ аз вохӯрӣ бо шумо хело шодам. Бояд иқрор шавам, ки агар ҷаҳду талошҳои шумо намебуд гунаҳкори асосӣ дар озоди мемонд ва банда ҷафои «корнамоиҳои» вайро мекашидам.
Қурбон боз чизе гуфтан мехост, вале ровӣ аз оғози ҷашнвора хабар дод ва мо ҳама гӯшу ҳӯш дар атрофи суханони вай шудем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор