Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шамъи маҳфил полковник Амириён имшаб аз нигоҳи мо ситораи дурахшонро мемонд.
Баъди як лаҳзаи мусиқӣ, аввалин шуда ба табрики вай собиқ генерали КГБ Ҷобиров17 бархест ва дар ҳақи соҳибҷашн бисёр суханони нек гуфт.
– Ин касро мешиносед? – пурсидам ман аз Қурбони Амиршоҳ.
– Пеш аз ба мактаби олии КГБ рафтан ман аввал аз пеши ҳамин устод гузаштам.
– Ба шарофати устод Амириён банда боре дар суҳбати домулло ҳам шарикат варзидам.
– Акбар Ҳакимович ҳоло чӣ кораед?
– Дар суханони устод заррае муболиға ё костагӣ набуд.
– Барои ворисон унвонҳо ягон аҳмият надоранд. Номи инсоне, ки корҳои бузургро анҷом додааст, аз ҳама гуна унвону рутбаҳо бештар сазовори эҳтиром аст. Барои ман ва шояд садҳо барин чун ман Шумо ҳамин гуна фардед.
– Ташаккур, вале бояд иқрор шавам, ки овозаи…
– Хоксорӣ мекунед.
– Не.
– Набошад бандаро маҷбур насозед, ки андешаҳои худро дигар созам ва бояд гӯям, ки Шумо ва полковник Амириёнро шаби сиёҳ ҳам ба чашми банда сиёҳ натавон кард.
– То ба пояи полковник Амириён расидани мо душвор.
– Инаш чандон муҳим нест. Ҳа, дар воқеъ рафту агар ягон хизмат бошад, банда ҳамеша омодаи амри шумоям. Чӣ хеле гуфтам, ман то ба қиёмат аз шумо қарздорам ва рафту агар заррае аз хизматҳои шуморо пас гардонам, сарам ба осмон мерасад,– гӯён мусоҳибам визиткаашро ба дастам дод.
– Раҳмат, афсӯс ки банда чунин карточка надорам, вале метавонед рақами телефони бандаро гиред.
– Боке нест.
Пешхизмат хӯрок овард ва мо боз қадаҳоро аз май ноб лабрез намудем ва ин даъфа онро бо таклифи ровӣ ҳама якҷоя аз ҷой бархеста, ба саломатии сари соҳибҷашн ба гулӯ рехтем.
Савту суруд дар фазои тарабхона танинандоз гашт ва ёру дӯстон онҳое, ки бо Амириён якҷоя кор намуда буданд, тариқи балангӯяк соҳибҷашнро табрик намуданд.

пешина
аз 515
навбатӣ