Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қарибиҳои субҳ Абдумаҷидро дар болои дастони модараш хоб бурд ва мо ӯро бо эҳтиёт болои бистар гузоштани шудем ва боз ӯ бедор шуд, боз доду фиғон бардошт ва банда розӣ будам, ки замин маро фурӯ бараду гиряҳои ҷонкоҳи ҷигарбандамро нашунавам.
Эҳтимол вазъи Наталя Василевна аз ман бадтар буд, вале ба хотири Далер, ба хотири худи Абдумаҷид мо маҷбур будем, ки табассум намоем, бихандем ва аз пайи рӯзгор шавем...
Шабро мо ана бо ҳамин аҳвол пушти сар кардем ва сари субҳ банда боз ба кор омадам. Боз даву тоз, боз баҳсу мунозира. Ҳатто касе ба гӯшаи хотир ҳам намеорад, ки шаб мижа таҳ накардаам.

Мардум гумон баранд, ки мо шоди ғурбатем,
Дар зери ҳар табассуми мо сад мусибат аст...

... 26 ...

Дар ҳоле ки мо барои кофтуков дар манзили Беҳрӯзи Ниёз омодагӣ медидем ва омадани муфаттиши прокуратураро интизор будем, садои занги телефон баланд шуд ва ман гӯшакро бардоштам.
– Акбар Ҳакимович?
– Бале, ман.
– Шеф барои гузаронидани кофтуков ризояти худро надод бо андӯҳи зиёде хабар дод муфаттиш Фурӯғи Шариф.
– Сабаб?
– Ба ақидаи вай гӯё далелҳо барои гузаронидани кофтуков дар манзили шахсе, ки худ дар хориҷи кишвар аст кифоя нестанд.
– Ин дарди бахайр аст.
– Чӣ хел?
– Шукр гӯед, ки шефатон шахси ба хориҷи кишвар рафтаро бо имтиёзҳои дахлнопазирии дипломатӣ муҷаҳҳаз нагардонидааст.
– Эй, Акбар Ҳакимович ману шумо ширинии курсии мансабро намедонем ва онҳое, ки медонанд, ҳаргиз бо думи шер бозӣ намекунанд.

пешина
аз 515
навбатӣ