Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– О, ин ҷо гап дар бораи кадом як савдогаре меравад, савдогаре ки пушт ба сӯйи шогирдон гардонидааст.
– Шер гуфта ман таваккалро дар назар дорам, шеф ба таваккал даст задан намехоҳад.
– О, ба вай нафаҳмондед, ки таваккал нар бувад...
– Ҳамаи инро ӯ даҳ не, дурустарш сад маротиба аз мо нағзтар мефаҳмад, вале рафтораш дурандешона аст. Маҳз ҳамин ҳолат ӯро аз ҳама хавфу хатар эмин медорад. Чӣ лозим таваккал гуфта сари худро ба зери теғ мондан.
Ман хостам бону Фурӯғро аз натиҷаи бозёфтҳои Наврӯз Умар дар бораи Ҳусайни Абдул, ки дар донишгоҳ ҳамсабақи Беҳрӯз Ниёз будааст ва пайвастагии вайро бо яке аз нашъаҷалобон Амон Ҳотам писархолаи Эшонова огоҳ созам, вале дар ҳамин лаҳза Қурбони Амиршоҳро ба ёд овардаму то вохӯрӣ бо ӯ кушодани ҳама асрорро бармаҳал шумурдам.
Ҳамаи инро сабаб ҳамон суханони Амириён гашт, ки бандаро ҳушёр сохт, ки Қурбон Амиршоҳ чӣ дар байни сарварони олами ҷиноӣ ва чӣ дар байни онҳое, ки ҳамарӯза бо ҳамин олам даст ба гиребонанд мақому манзалати хосае дорад. Ба замми ин худи Рихард Зорге (Қурбони Амиршоҳ дар назар аст) дишаб визиткаашро ба ман дода гуфт, ки ҳамеша ба хизмати банда омода аст.
– Акбар Ҳакимович акнун чӣ кор мекунем? – дуюмбора овоз рушан намуд мусоҳиби дар дигар тарафи сим будаам.
– Баҳри шефатон далелҳои кофиро дастрас мекунем.
– Ҳамаи инро баҳри тасаллои дили ман мегӯед?
– Не.
– Ба фикрам боз чизеро аз ман пинҳон карда истодаед?
– Ин андешаҳои ботилро аз саратон дур намоед.
– Пас чаро бо чунин боварӣ сухан мегӯед.
– Чунки бар хилофи шефи шумо мо ба оянда бо чашми нек менигарем ва аз таваккал намудан ҳарос надорем.
– Милиса бо таваккал зинда аст,– гуфт Фурӯғ ва гӯшакро ба ҷояш гузошт.
– Милиса бо таваккал зинда аст, милиса бо таваккал зинда аст,– гуфтани Фурӯғ дар гӯшам садо доду садо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор