Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соати 822 дақиқа ман Тӯфонро дидам, ки сумкаи калони сафарие дар даст аз самти шарқии перрон ба тарафи ман меомад. Дар тани ӯ ҳамон нимпалтои сиёҳе буд, ки ӯро ҳамроҳи Анори Зокир дида будам. Ман ҳамоно тариқи мухобира ҳамкорони то ба ин лаҳза дар интизори «азияткашидаамро» ба қавле «бедор» намудам. Координати асоси объект ҳамон нимпалтои чармини сиёҳ ва сумкаи сафарии ҳамранги палтояш, ки болои чархакҳои хурд аз қафояш ҳаракат дошт гашт.
Дар ҳоле, ки объект чиптаашро ба кондуктори вагони рақами ҳашт нишон медод, лейтенанти милиса Садриддини Сайдраҳмон дар пушти ӯ рост шуд. Сипас ӯ сумкаашро бардошта вориди вагон шуд ва Садриддини Сайдраҳмон ҳам аз қафои вай баро-мад… Баъди се дақиқа объектро аз қатора фароварданд. Ман бараъло дидам, ки дасти рости ӯ бо дасти чапи сержанти мили-са Зуриддини Замон бо ҳалқаи ялақоссие пайваст шудааст...
Чун Наврӯз Умар аз қатора фаромад, банда ҳам мавқеи худро тарк намуда ба поён тохтам. Зорию таваллои вайро дида гумон намудам, ки дар боздошт намуданаш ба хаттое роҳ додаанд, вале чун ӯ маро бидид муҳри хомӯшӣ ба лаб зад. Шояд чунинашро интизор набуд. Тайи ин муддат, ки чанд тан аз мардуми дар перрон бударо ба ҳимояи худ хонда буд ва онҳо нияти ба «ҷавонмард» ёрӣ додан доштанд аз чунин ранг гирифтани кор дасту по хӯрданд.
– Маълум мешавад, ки бегуноҳ нестӣ бародар,– гуфт яке аз он ҳимоячиён ва дигар ба тарафи вай нимнигоҳе ҳам накарда ба тарафи дари баромадгоҳ рафт. Он чанд тани хайрхоҳи дигар ҳам шикасти ногузири худро дарк намуда, аз суханҳои то кунун гуфтаи худ шарм дошта, пароканда шуданд.
Қатора оҳиста – оҳиста ба ҳаракат даромада, яку якбора суръаташро зиёд намуда, баъди чанд лаҳзае аз мадди назари мо дур шуд. Мусофири аз сафар монда дар иҳотаи чанд милиса дар перрон монд. Эҳтимол он субҳ ӯ ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки ҳамин хел осон ба даст меафтад.

пешина
аз 515
навбатӣ