Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Мо медидем, ки ӯ чӣ хел дар байни мавҷи хаёлоти худ ғутта мезанад ва баъди чандин соат фаҳмидем, ки ҳамон лаҳзаҳо вайро чӣ фикру андешаҳое дар сар будааст.
Қарибиҳои шом муфаттиши прокуратура ба протоколи пурсиши гумонбаршуда Бобур Фаррух нуқта гузошт. Бо амри муфаттиш боздоштшударо ба ИВС бурданд. Тамоми рӯз гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ сари по рост буд ва аз ҳама беш муфаттиш сари кушодани ин муаммои дерин майна об кард.
Ҳарчанд мо аз рӯйи нишондоди Бобур Фаррух оид ба дарёфти тапончаи «Макаров» кофтуков гузаронида натавонистем, вале дар торикӣ ба чунин амал даст задан ҳам ғайриимкон буд.
Бандаро танҳо як ҳолат ором намегузошт. Бобур Фаррух гуфт, ки дишаб дар ҳузури арӯсшавандааш будааст.
– Дар ҳузури кӣ пурсидам ман?
– Дар ҳузури ҳамон зане, ки бандаро дар он нисфи шаб байни ошёнаҳои панҷуму шашум дида будед.
Ба ростӣ аз шунидани ҳамин суханон вуҷудам биларзид.
Агар дар иҷрои вазифаи хизматӣ намебудам, аз гиребони он аблаҳ мегирифтам, чунки баҳри шаби гузашта, барои ӯ ягон алибӣ ҳам лозим набуд.
Ана, ҳамин хел осонакак ӯ онеро, ки то субҳ аз ёлаҳояш гул чидааст, бифӯрухт. Ӯ ин корро ҳамин хел аз беэҳтиётӣ гуфт ё ба ин васила мехост аз банда қасос гирад, ман нафаҳмидам.
Ҳар чӣ ҳам буд, ё набуд ман ин хабари дарднокро ба дилам хело наздик қабул намудам. Боз ҳамон суханони Анор чун путк дар гӯшам садо доду садо. Астағфуриллоҳ гуфта ғазаби дар вуҷудам сарзадаро хомӯш сохтам ва худро ба он тасалло додам, ки Анор ҷавонзани озод аст ва ӯ на назди ман ва на назди Тӯфон уҳдадорие надорад. Агар ӯ нақши лабонашро дар куртаи ман чун туҳфа баҳри ҳамсарам ирсол намекард ва дуюми аз рӯйи он нақши зебо қиёматро ба по намехезонд Худо медонад ҳоло муносибати мо дар кадом поя қарор дошт, вале...
Ҷавонзан аз ман дида ба Бобур Фаррух хиёнати бештаре намуда буд. Маҳз бо нишондоди ӯ мо аз мақсаду мароми Бобур Фаррух огоҳ, гардида ин субҳ ӯро аз роҳ боздоштем. Аҷаб не, ки Тӯфон ҳамин нуқтаи назарро ба инобат нагирифта бошад, ва онеро, ки киштии муҳаббаташро сурох намуда буд, носазо гуфта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор