Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳусайни Абдул ба фикрам ин номро пештар ҳам шунидаам, – гуфт Фурӯғ.
– Ин ҳамон шахсест, ки аз шаш як ҳиссаи сарҳад дар зери тасарруфаш аст.
– Наркобарон гӯед.
– Бале.
– Ба фикрам шумо боре гуфта будед, ки Алик ҳамеша аз об хушк мебарояд ё инро ман аз забони дигар кас шунидам.
– Намедонам. Шояд ман гуфта бошам.
– Акнун ба ёд овардам, ки шумо гуфта будед, Салим Ворисро низ Бунафшаи Дороб ҳамроҳи ҳамин кас дидааст.
– Ҳа, ҳамроҳи ӯ ва Бобур Фаррух.
– Ба андешаи шумо ӯ метавонад, ки қотили Норматов бошад?
– Намедонам.
– Ӯро дарёфтан лозим.
– Киро?
– Ҳусайни Абдулро.
– Ба гумон аст, ки бо ҳама эҳтиёткори ӯ худ тапонча ба даст бигирад.
– Ба фикрам бе ёрии вай мо дигар қадаме ба пеш гузошта наметавонем.
Агар дар ёдатон бошад Сабзинаи Дониёр моро огоҳ намуда буд, ки Ҳусайни Абдул аз Норматов қарздор аст.
– Кулли мардум аз якдигар қарздоранд ва магар танҳо чунун роҳи бозгардонидани қарз аст.
– Ман ин хел нагуфтам, вале бояд гӯям, ки Алик ҳамсабақи Беҳрӯз Ниёз аст.
– Хайр чӣ?
Агар дар ёд дошта бошед Анори Зокир гуфт, ки вақте ӯро ба назди телефон даъват намуданд ва ӯ ба Норматов гап задааст, ногаҳон овози ак – аки сагро шунидааст. Дар ҳамон муддате, ки ӯ аз тарабхона то пеши бино омадааст Норматов аз дигар маҳал ба он ҷо омада наметавонист. Сараввал банда андешаи онро доштам, ки ӯ ҳамон лаҳзаҳо дар кӯчаи Академикҳо будааст, вале акнун андешаам дар ин бора дигархелтар аст.
– Шуниданаш мумкин.

пешина
аз 515
навбатӣ