Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Албатта.
– Набошад гӯшам ба шумо.
– Ман гумон мекунам, ки ҳамон лаҳзаҳо қотил ҳамроҳи Норматов дар ҳамон бино будааст.
– Гӯш мекунам.
– Қотил ва мақтул ҳарду дар хонаи Беҳрӯз Ниёз буданд. Аз он чӣ ки Норматов дар ҳузури ӯ Анори Зокирро ба хонааш даъват намудааст ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳамроҳи ӯ мард будааст. Шояд то ҳамон лаҳзаҳо вайро чунин андешаҳои ботил ҳам дар сар набудааст, вале рафти худи гуфтугӯ бар он ҳидоят намудааст, ки дуюмин нисбат ба он ошиқи пок чорае андешад.
– Овози саг дар ошёнаи нуҳум аз куҷо пайдо шуд?
Ба фикрам он овоз дар телефон сабт шуда ва дар ҳоле ки Норматов бо телефон занг мезадааст шахси ҳамроҳи ӯ буда, мусиқии телефони худро ба кор андохтааст ва он мусиқӣ ҳамин ак– аки саг буда.
– Мақсад?
– Гумон мекунам, ки қарз.
– Аҷиб.
– Чияш аҷиб?
– Андешарониҳои шумо.
– Яъне ки шумо ба чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо боварӣ надоред.
– Баръакс ман аз он хурсандам, ки нуги калобаи афтидаро ба даст овардем. Хоҳиш мекунам, ҳар чӣ тезтар Ҳафиз Абдулро дастгир намоед!
... 46 ...
Ҳодисаи шаби 11 ба 12 майи соли гузашта, дар соҳили дарёи
Ому рухдода дар монитори хотироти мо туғёнеро рӯйи саҳна овард. Мо нағз мефаҳмидем, ки Ҳусайн Абдул гурги борондидааст ва агар чунин намебуд ӯ баъди ҳодисаи дар боло зикршуда аз дасти мақомоти тафтишотӣ сарпрокуратураи ҳарбӣ бе осеб раҳо намеёфт.
Воқеаҳои дар се ҳафтаи охир ба вуқӯъ пайваста худ ифшогари дарди дили мо буд ва дар ҳоле ки мо қариб тобу тавонро аз даст дода, аз соҳил дур шудан мехостем, мадду ҷазри баҳр туғёни бузургеро бо мо рӯ ба рӯ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор