Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Баҳри рахна наму-дани ин «балои» азим моро ба ҷуз муттаҳид шудан дигар чорае намонд.
Ба умеди дарёфти моҳии тилло не, балки моҳичаи оддӣ мо боз лаҳзае дар соҳил мондем. Чун ҳама ҷо орому сокит шуд, мо пушти харсанги на чандон калоне моҳичаеро дидем, ки туғёни гузашта рафта ӯро ба хушкӣ партофта буд. Моҳича баҳри талоши худ хело ҷонбозиҳо дошт, вале афсӯс, ки оби равон дур буду дур. Аз часпу талошҳояш маълум, ки ӯ на як бору ду бор аз чунин варта берун омадааст. Ҳамааш чун ҳамон афсонаи як бор ҷасти малахак, ду бор ҷасти малахак, охир ба дасти малахак шуд.
Афсонае шуд ки анҷомаш нек аст.
Афсонае аз ғалабаи хайр.
Афсонае аз шикасти шарр...
Ду шабонарӯзе, ки мо дар ҷустуҷӯйи Ҳусайн Абдул қарор доштем, муфаттиш аз рӯйи нишондоди Бобур Фаррух аз руди шухи Душанбе моҳии тилло бардошт. Ба ғавғосон муяссар шуд, ки тапончаи ба ивази як деги калон аз соҳили дигари Ому гирифтаи Бобур Фаррухро аз ҳамин руди шухи Душанбе берун оранд. Бо ҳама ҷаҳду талош ташхисгарон нақши тапончаи «Макаров» рақами давлатиаш ГЛ 4207– ро аз бойгонии худ пайдо карда натавонистанд. Эҳтимол тапончаи мазкур ҳангоми дар соҳили чапи Ому буданаш ҷонбозиҳо карда буд, вале дар ватани худ ӯ ҷурме надошт.
Аҷаб набуд, ки Бобур Фаррух ӯро барои рӯзи мабодо пинҳон накарда бошад. Агар вай ҳамин хел осон ба даст намеафтид, қимати деги даҳ рубли солҳои советиро то ба сураё мебардошт ва панҷ ҳазор доллари амрикоӣ чун оғози кор аз нуги хамир фатир буд...
Нисбат ба Бобур Фаррух нафаре, ки аз тапончаи навъи «Марголин» истифода бурда буд, бе таҷриба будааст, вагарна бо чунин яроқ кӣ қасди ҷони дигаре мекунад? Онҳое, ки қонуншиканӣ мекунанд, қувваю қобилияти ҳарифро ба инобат намегиранд ё шояд мақоли халқии «душманат гар пашша бошад камттар аз филаш мадон» – ро боре ҳам нашунидаанд, ҳарчанд худи онҳо дар назди мақомотҳои қудратӣ аз пашшае беш нестанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор