Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳамчунин вай моро бовар кунонид, ки аз тапончаи мазкур боре ҳам тир напаронидааст.
Ба суолҳои муфаттиши прокуратура, ки мақсаду мароми вайро ҳангоми хариди тапонча донистан мехост чунин посух гуфт, ки онро баҳри ҳимояи худ харидааст. Ҳангоми таҳлили ҳолатҳои сар задани ҷиноят ҳамеша мақсаду мароми ҷинояткор нисбат ба ҷабрдида ба инобат гирифта мешавад. Аз рӯйи нишондоди Ҳусайн Абдул мо ба хулосае омадем, ки Норматов ва Эшонова дар муносибати маҳрамона қарор доштаанд. Аслан Сулҳия Муродовна ба Норматов на аз рӯйи муҳаббат, балки аз рӯйи манфиатҳои иқтисодиаш дил бохта буд. То ҷое, ки Ҳусайн Абдул огоҳӣ дошт Эшонова панҷ килову шашсад грамм маводи мухаддирро, ки баҳри нигоҳдорӣ Норматов ба вай дода будааст гум намуда. Яъне Эшонова ба амонати Норматов хиёнат намуда худро мутеъи вай сохт. Ин ҳама нуқтаи назари шахсе буд, ки даҳҳо нафарро ба коми оташ ҳаво додаву худ чун мӯсичаи бегуноҳ аз байни оташ бурун омада...
Ба суоли мо, ки соати 2130 дақиқа рӯзи пайшанбеи 21 феврал ӯ дар кӯчаи Айнӣ чӣ хел пайдо шуд, мусоҳибамон аввал чизеро ба ёд оварда натавонист, вале чун ба хотираш овардем, ки ҳамон шаб ӯ Бобур Фаррухро аз роҳ боз доштаву ҳарду ба тарабхонаи «Вахш» рафтаанд гуфт, ки тасодуфан аз роҳ гузашта истода будааст, ки Бобур Фаррухро дидааст.
– Чӣ хел шуд, ки тапончаи бо қимати ҷон ба дастовардаатонро ба дасти Сулҳия Эшонова додед?- пурсид муфаттиш.
– Боре ман ҳамроҳи Корвон тағои Сулҳия меҳмони вай шудем ва дар зери мусиқии нобе ман ҳамроҳи ҷияни дӯстам Корвон рақс намудам ва чун тапонча нисбат ба тапончаҳои дигар ҳаҷман калонтар буд, вақти ба рақс баромадан ман онро аз киссаи костюмам бароварда, ба кисаи палтоям, ки дар либосовезак буд гузоштам. Ҳарчанд ин корро ман пинҳонӣ анҷом додам, вале аз чӣ бошад, ки ӯ аз мадди назари Сулҳия Муро-довна дур намонда будааст...
Тай муддате, ки тапонча дар дасти ман буд Сулҳия бо зорию илтиҷо чор маротибаи дигар ҳам онро ба даст овард ва чун ӯ боре ҳам онро истифода набурда буд, хоҳиши навбатии вайро низ ман рад карда натавонистам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор