Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Танҳо дар нимаи дуюми рӯзи шанбеи 9 март мо тавонистем Сулҳияро ба ҳузури худ хонем. Дар ин муддат мо бори дигар бо Сабзинаи Дониёр ва Сайф Ниёз вохӯрдем, то ба баъзе ҳолатҳои кор рушанӣ андозем. Сабзинаи Дониёр бори дигар иқрор шуд, ки боре дар хонаи Сулҳия гуфтугӯйи тағои соҳибхонаро бо Алик шунидааст, ки ҳарду роҳҳои аз торҳои танидаи раис баромаданро муҳокима доштанд. Ба андешаи Сабзина Корвон ва Алик аз раис баҳри ба роҳ мондани тиҷораташон пули калон қарз гирифта будаанд. Дар рафти пурсиши навбатӣ Сабзинаи Дониёр иқрор шуд, ки баъди марги Беназир муносибати вай бо Сулҳия беҳтар шуд ва боре Сулҳия ба вай рози дил намудааст, ки муҳаббати раис нисбат ба вай сами-мист, ҳарчанд аз тарафи худ ӯ ҳаминро гуфта наметавонад.
Баъди тановули нисфирӯзӣ мо боз ба дафтари кории муфаттиши прокуратура рафтем ва Фурӯғ ба милиса занг зада, овардани Эшоноваро талаб кард. Пеш аз оғози суҳбат муфаттиш вайро огоҳ намуд, ки ӯ дар кадом вазъ қарор дорад ва танҳо сухани рост метавонад чун нонҳои ба Даҷла андохтаи Ҳотами Той дастгираш шаванд.
– Ман кушиш мекунам.
– Пеш аз ҳама донистан мехоҳем, ки тапонча дар куҷост?
– Бо супориши Алик ман онро пинҳон намудам.
– Дар куҷо?
– Дар ҳавлӣ.
– Аниқтараш.
– Дар ҳавлӣ як дарахти тут ҳаст. Мобайни ҳамон дарахт сурох шудааст. Ман онро ба латапора ва селофане печонда ба дохили ҳамон дарахт пинҳон намудам.
– Агар зид набошед, мо сараввал аз гирифтани тапонча ба кор оғоз мекунем ва баъд суҳбатамонро давом медиҳем.
– Ихтиёр шуморост.
Мо ҳама дар якҷоягӣ боз ба гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо рафтем ва дар ҳузури холисон Эшонова ҷойи пинҳон намудаи тапончаро ба мо нишон дод. Агар худи ӯ набудӣ ҳеҷ як ҷӯяндае ба гӯшаи хотир ҳам намеоварад, ки он дарахти тути пир, ки дар паси кулбаи саг буд, дар мағзи худ чунин асрори ниҳон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор